Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳарки хандонад ятими хастаро…

229

Рӯзи 11-уми марти соли 2018, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №2»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи бепарасторону ятимон дидан намуданд. 

230

Ҷавонон ва роҳбарияти Хадамоти пешгирии ҳуқуқайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ба кӯдакони ин муассисаи давлатӣ тӯҳфаҳо, аз қабили ширинӣ ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона такдим намуда, хотири кӯдакони бепарасторро шод карданд.
Хамчунин бо ташаббуси сардори Хадамоти мазкур полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор ва ҷавонони гурӯҳи Авангард дар боғи назди Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №2»-и шаҳри Душанбе дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонда шуд.
Дастгирии бепарасторон ва ятимону барҷомондагон дар мехвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба ин қишри ниёзманд кӯмаку ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. ВКД низ дар ин замина дар партави сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат дар арафаи ҳамагуна иду ҷашнҳо ба ятимону бепарасторон кӯмаку ғамхорӣ зоҳир менамояд.

231

Чунин иқдоми Хадамоти пешгирии ҳукукайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард»-ро роҳбарияти Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №2»-и шаҳри Душанбе хуш пазируфта, миннатдории хешро ба онҳо изҳор доштанд.
Абдулло Шоев, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика