Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад

144

Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, оид ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, корҳои зиёдеро ба нақша гирифта, марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла барои амалӣ намудани ҳадафи стратегии мазкур, Хадамот дар зарфи вақти хеле кӯтоҳ, яъне дар муддати ҳамагӣ як сол, бе мавҷудияти заминаи аввалияи моддиву молӣ, аз ҳисоби даромадҳои молиявиаш дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон фермаи парвариши чорвои калони шохдор ва хоҷагии ёрирасонро оид ба кишти хӯроки чорво ташкил намудааст. 

145

Айни замон дар фермаи мазкур 54 сар чорвои калон парвариш гардида, дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола шумораи он то 7 сар зиёд карда шуд, вале имкониятҳои нигоҳдориву парвариш дар ин ферма васеътар буда, дар як вақт метавон зиёда аз 150 сар чорвои калони шохдорро нигоҳдорӣ ва парвариш намуд, ки зиёдкунии насли чорво дар фермаи мазкур то ба 150 сар ба нақша гирифта, дар солҳои наздик амалӣ карда хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар назди Хадамоти мазкур хоҷагии ёрирасон, ки дорои заминҳои кишти хӯроки чорво мебошад, таъсис дода шуда, он дар мавсими кишту кори баҳорӣ коркард гардида, ҳосили ба дастомада, барои сипарӣ намудани мавсими зимистони соли оянда захира карда мешавад.
Ҳадаф аз таъсиси чунин як ферма аз тарафи Хадамоти зикргардида, ин саҳмгузор будан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад. Танҳо бо зиёд намудани истеҳсолоти дохилӣ метавон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор буд.
Саидмуродов Далер, нозири калони гурӯҳи матбуотии

Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика