Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даъват аз ҷавонон барои риояи одоби шаҳрнишинӣ

201Дар вохӯрие, ки имрӯз (6 март) дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир гардид, масъалаҳои марбут ба пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии оворагардиву муноқишаҳои гурӯҳии мактаббачагон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷамъомади бошукӯҳро сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ оғоз бахшида, вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба зоҳир намудани таваҷҷуҳи зарурӣ ба масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон изҳори андеша намуд.
Дар идомаи ин чорабинӣ, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Прокуратураи шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе гузаронида шуд, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор аз тадбирҳои андешидаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои номбурда ёдовар шуда, зикр кард, ки тайи солҳои охир аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои марбутаи он, бо ҷалби доираи васеи ҷавонони касбу кори гуногун, дар саросари кишвар, хусусан дар пойтахти ҷумҳурӣ як қатор корҳои оммавӣ-фаҳмондадиҳӣ ва фарҳангию тарғиботӣ гузаронида шуданд. Табиист ки роҳандозии ин гуна чорабиниҳо боиси коҳиш ёфтани сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон гардида, ба баланд бардоштани рӯҳияи илмомӯзиву ватандӯстии ин насли ояндасоз ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

202

Мавсуф иброз намуд, ки дастгириҳои рӯзафзуни роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, дигар мақомоту идораҳои давлатӣ ва алалхусус Вазорати корҳои дохилӣ, боиси он гаштааст, ки шумораи ҷавононе, ки бо иштироки фаъолашон дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ шарафи Ватани азизамонро баланд мебардоранд, хеле зиёд гардидааст. Далели возеҳи ин гуфтаҳо ширкати фаъолонаи намояндагони риштаҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мебошад, ки парчами миллии Тоҷикистонро борҳо баланд бардоштаанд.
Дар идомаи чорабинӣ зикр гардид, ки соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, ки ин ташаббуси созанда бисёр муҳиму саривақтист. Вобаста ба ин, ноболиғону ҷавонон, бахусус хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки вақти пурқимати худро сарфи амалу кирдорҳои беҳуда накарда, дар баробари аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумиро низ аз бар намоянд. Бо омӯхтани забонҳои хориҷӣ тавонанд диёри биҳиштосоямонро ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

203204

Дар охири ҷамъомади мазкур созмондиҳандагони он тавсия доданд, ки дар ин замина омӯзгоронро низ мебояд дар дарсҳои тарбиявӣ вобаста ба фарҳанги либоспӯшӣ, маърифати шаҳрнишинӣ ва муносибати шогирдон ба муҳити атроф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Абдулло Шоев, Дилшод Холов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика