Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲИДОЯТҲОИ СОЗАНДА БАРОИ ҶОМЕА!

143Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун солҳои пешин дар сарораси кишвар ва берун аз он, дар байни мардум таваҷҷуҳи хоса пайдо кард. Чунки дар он масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ки бунёди ояндаи некуаҳволӣ ва рушди усувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин месозад, ироа гардид.

Ҳамчунин Паём дар даврае ироа гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Пешвои миллат баробари таҳлили амиқи кулли соҳаҳои хоҷагиҳои халқи мамлакат таъкид намуданд, ки ҳадафи аслии мо ҳифз кардан ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки маҳз бо талошҳои Роҳбари давлат, миллати тоҷик ба ҳам омада ва ин дастовардҳо боиси он гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварамонро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона эътироф намуд. Ҳамин сулҳу салоҳи беназири мо буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ пазируфта шуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳоду садоҳои моро ба инобат гирифта пазироӣ менамояд.
Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир рӯз аз рӯз мураккаб гардидани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ба бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти то рафт ҷиддӣ, ҳаётӣ пайдо мекунад.
Аз ин рӯ вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем.
Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву ватандорӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон ҳадафи асосии ҳар яки мо маҳсуб меёбад.
Зеро ҳар яки мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои муайян тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии қисмате аз ҷомеа, махсусан гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонон, авзои сиёсию иҷтимоии як қатор кишварҳои ҷаҳонро ноором ва давлатҳои ободро ба харобазор табдил медиҳанд.
Бояд мардум дар ин раванд моҳияти самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷӣ, мақсади нерӯҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафҳои нақшаву барномаҳои давлатии худро мустақилона дарк карда тавонанд.
Халқи тоҷик сулҳу ҳамдигарфаҳмиро бар ивази азияту заҳмати сахту сангин ва қиматтар аз ҳама, ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард ва имрӯз шукргузор аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору зиндагонӣ доранд.
Бинобар ин мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳҷӯӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин ба мерос гузоштани ин дастоварди муқадаси нодир, фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ба раванду рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ баҳои дуруст дода, барои пешгирии ҷавонон, аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъшуда ва узвият дар ниҳодҳои низомии бо ном исломӣ минбаъд низ чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ намоем.
Дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии корбарии минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар аст, таъкид гардидааст, ки ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ, шароити мусоиди иҷтимоӣ, барои ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Бинобар ин барои амалӣ гардидани ҳадафҳои аслии стратегии давлат, мукаммал гардидани низоми қонунгузорӣ, густариши минбаъдаи ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносиву ваҳдати миллӣ бояд, ҳар як фарди баору номуси миллат саҳми арзишманди хешро гузорад.
Абдуназар Раҳматов, муовини сардор оиди кор бо ҳайати шахсии Шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика