Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар шаҳри Турсунзода

198

Рўзи 2-юми марти соли 2018, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати коҳои дохилӣ аъзоёни гурӯҳи «Авангард» барои иштирок дар конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Аъзоёни гурӯҳи «Авангард»-ро дар даромадгоҳи шаҳри Турсунзода ҳунармандони шӯъбаи фарҳанги шаҳри мазкур ва ҳамсолонашон бо суруду тарона, рақсу нишоти беандоза ва бо нону намак пешвоз гирифтанд.

Сараввал ҷавонони фаъол Осорхонаи КВД «Ширкати Алюминии тоҷик»-ро тамошо намуда, ба онҳо аз ҷониби кормандони осорхонаи мазкур таърихи бунёди коргоҳ ва тарзи тайёр намудани маҳсулотҳои алюминӣ нишон дода шуд. Баъди тамошои осорхона ҷавонони «Авангард» дар Қасри дӯстии шаҳри Турсунзода ҷамъ омада, дар чорабинӣ, ки бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардида буд, ширкат варзиданд.
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ роҳбарияти шаҳри Турсунзода, намояндагони ВКД, ҷавонони фаъоли шаҳри мазкур ва кормандони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

199

Зимни суханронӣ Раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф баргузории чунин чорабиниро муфид арзёбӣ намуда, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати эълон кардани соли 2018 ҳамчун соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ибтикори хирадмандона унвон намуд.
Қайд гардид, ки ин ташаббуси созанда барои инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва тақвият бахшидани сайёҳӣ хеле муҳим мебошад. Дар идомаи суханронӣ номбурда иқдоми роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба конференсияҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ташаббуси шоиста хонда, баён дошт, ки ҷалби ҷавонон ба чунин чорабиниҳои судманд ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.
Сипас, садори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор дар баромади худ сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, сабаб ва омилҳои онро шарҳ дода, изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташкили чунин чорабиниву конференсияҳо, ҳарчӣ бештар кам намудани сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ин насли ояндасози миллат мебошад.
Номбурда зикр кард, ки Тоҷикистони азизи мо, ки дорои табиати зебову нотакрор ва мавзеҳои тамошобоб мебошад, вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин табиати биҳиштосо ва мавзеҳои сайёҳиро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем.
Ҷавонони гурӯҳи «Авангард» низ дар навбати худ баромад намуда, иброз доштанд, ки ташкили чунин чорабиниҳо мо- ҷавононро бештар ба ҳам оварда, дӯстиву рафоқат ва ҳамдилиро меафзояд.
Инчунин намояндаи гурӯҳи мазкур Азизов Низомиддин атрофи пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав баромад намуда, қайд кард, ки мо ҷавонон ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надода, ҳамеша баҳри суботу оромӣ ва амнияти кишвар ба муқобили чунин зуҳуроти номатлуб мубориза хоҳем бурд.
Дар ҷараёни чорабинӣ сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода генерал-майори милитсия Искандарзода М.А. зимни суханронӣ ҷавононро ба илмомӯзӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ даъват намуда, иброз дошт, ки мо бо донистани забонҳои хориҷӣ, фарҳангу маданият ва мавзеҳои таърихиву сайёҳии кишварамонро ба оламиён муаррифӣ намуда метавонем.

200

Дар анҷоми ин чорабинӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Турсунзода ва як қатор ҷавонони фаъол Ифтихорномаву Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Баъди анҷоми кори конференсия ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» бо роҳбарии раиси шаҳри Турсунзода ва намояндагони шӯъбаи ҷавонон ва варзиши шаҳри мазкур Осорхонаи миллии шаҳри Турсунзода ва хона-музейи шоири халқӣ ва қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро тамошо карда, ҳамчунин аз маҳсули дастони сокинони ин шаҳри бостонӣ, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд.
Абдулло Шоев




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика