Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохурӣ дар Муассисаи таълимӣ

 

115

27-уми феврали соли 2018, тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки ВКД, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо Прокуратураи шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе дар робита ба дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баҳри пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии оворагардӣ, муноқишаи гурӯҳии мактаббаччагон, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии мақсадноки кормандони мақомотҳои номбурда бо хонандагони ин даргоҳи илму маърифат, падарону модарони онҳо ва роҳбаритяи шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

116

Сардори шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Каримзода А.Л. бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, баргузории чунин чорабиниҳои судмандро барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ амали муфид арзёбӣ кард.
Дар идомаи чорабинӣ сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ М. баромад намуда, изҳор доштанд, ки пешгирии содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб рафта, ҳар як шаҳрванди солими ҷомеаро зарур аст, дар ин самт дар баробари мактабу маориф ва дигар сохторҳои марбута, саҳмгузор бошанд.
Қайд гардид, ки маҳз беназоратии бархе аз волидайн ва мусъулини муассисаҳои таълимӣ аст, ки баъзан ноболиғон даст ба ҳуқуквайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мезананд.

117118

Дар идомаи чорабинӣ зикр гардид, ки соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин ташаббуси созанда барои халқи тоҷик бисёр муҳим ва саривақтист. Аз ин лиҳоз ҷавонону ноболиғон, бахусус хонандагони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки вақти пурқиммати хешро сарфи амалу кирдорҳои беҳуда накарда, дар баробари аз худ намудани барномаи таълимӣ, ҳунарҳои мардумиро низ аз худ намоянд.
Тавсия дода шуд, ки омӯзгоронро мебояд дар дарсҳои тарбиявӣ вобаста ба фарҳанги либоспӯшӣ, маърифати шаҳрнишинӣ ва муносибати хонандагон ба муҳити атроф диққати махсус зоҳир намоянд.
Иштирокчиён баъди анҷоми чорабинӣ аз ҳунарҳои мардумӣ, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуда, бахои баланд доданд.
Абдулло Шоев
Дилшод Холов
Тоҷиддин Латифов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика