Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар шаҳри Ҳисор

188

Имрўз бо ташаббуси роҳбарияти ВКД наздики сад нафар ҷавонон, аъзоёни гурўҳи «Авангард» ҷиҳати иштирок дар конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзўи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба шаҳри Ҳисор сафар карданд. 

Аъзоёни гурўҳи «Авангард»-ро ҳамсолони хеш дар назди чойхони миллии «Харбуза» бо нону намак ва самимияти беандоза пешвоз гирифта, пас аз тамошои чойхони миллӣ дар толори маҷлисии шаҳри Ҳисор ҷамъ омаданд.

189190

Конференсияро Раиси шаҳри Ҳисор Ҷумазода Шарифҷон ифтитоҳ намуда, оид ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин ташаббуси хирадмандона барои инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва тақвият бахшидани сайёҳӣ хеле муҳим мебошад.
Дар идомаи суханронӣ мавсуф иқдоми роҳбарияти ВКД-ро ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба конференсияҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ташаббуси шоиста хонда, баён дошт, ки ҷалби ҷавонон ба чунин чорабинихои судманд ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.

191

Сипас, дар ҷараёни конфренсия садори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиѓон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор дар баромади худ сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, сабаб ва омилҳои онро шарҳ дода, изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташкили чунин чорабиниву конференсияҳо, ҳарчӣ бештар кам намудани сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкунихо дар байни ин насли ояндасози миллат мебошад. Номбурда зикр кард, ки Тоҷикистони азизи мо, ки дорои табиати зебову нотакрор аст ва мавзеъҳои тамошобоб дар ҳудуди кишвари мо хеле зиёд мебошад, вазифаи ҳар яки мо он аст, ки ин табиати биҳиштосо ва мавзеҳои сайёҳиро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем.
Ҷавонони гурўҳи «Авангард» низ дар навбати худ баромад намуда, иброз доштанд, ки ташкили чунин чорабиниҳо мо ҷавононро бештар ба ҳам оварда, дӯстиву рафоқат ва ҳамдилии моро меафзояд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор ва як қатор ҷавонони фаъол Ифтихорномаву Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Баъди анҷоми кори конференсия ҷавонони фаъоли гурўҳи «Авангард» бо роҳбарии намояндагони шўъбаи ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор аз мавзеҳои таърихии шаҳри мазкур, аз ҷумла аз Қалъаи Ҳисор, мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор ва маҳсули дастони сокинони ин шаҳри бостонӣ, ки маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан карданд.
Абдуллозода Эҳсон
Абдулло Шоев




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика