Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» дар инъикоси фаъолияти шабонарӯзии ВКД

Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.

Эмомалӣ Раҳмон

148

Дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлол ва сиёсати дар самти озодии баён ба роҳ мондаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» арзи вуҷуд кард ва имрӯз босамар фаъолият дорад. Ин ҳафтанома дар таърихи 10-солаи хеш роҳи пурпечутоб, аммо пурифтихореро тай кардааст. Ҳамеша вобаста ба вазъияти ҷойдоштаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии он дар ҷомеа фаъолият дорад. Дар муддати ин соло ҳафтанома нуфузу эътиборашро сол то сол дар байни хонандагон боло бурд. Бо вуҷуди он ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз бисёр рӯзномаву маҷаллаҳои дигари ҷумҳурӣ бархӯрдоранд, аммо барои онҳо мақому мартабаи ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа» болотар аст. Ин ҳафтанома, ки асосан фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳифзи ҳуқуқро муаррифӣ мекунад, фаъолияти он як навъ бозгӯйи вазъи милитсияи тоҷик ва озодии баён дар мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Кормандони ҳафтанома вобаста ба вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир ва мубориза бо ҷинояткорӣ фаъолияти худро таҳким бахшида, мунтазам маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, зиракии сиёсии онҳоро баланд мебардоранд.
Инкишофи журналистикаи ҳуқуқӣ ва омода намудани рӯзноманигорони ғайриштатӣ аз ҳисоби шаҳрвандон яке аз вазифаҳоест, ки ҳайати эҷодии ҳафтанома дар амал татбиқ карда истода, саъю талоши онҳо манфиат оварда истодааст. Бо ин мақсад, ҳар сол ҳайати эҷодии ҳафтанома донишҷӯёни факултаҳои журналистии муассисаҳои таҳсилоти олиро ба сарпарастӣ гирифта, тарбия менамоянд ва дар омода намудани журналистони касбӣ ҳисса мегузоранд.
Ҳайати эҷодӣ фаъолияти худро ба он равона намудаанд, ки вазъи мураккабу тағйирёбандаи ҷаҳонро ба мардум соддаву фаҳмо расонанд, иттилооти ҳамарӯзаро дар муқоиса ба хабарҳои пешин таҳлил намуда, огоҳии сиёсии шаҳрвандонро таъмин намоянд ва журналистони ҳирфаӣ бошанд. Зимни омодасозии маводҳо онҳо ҳатман сатҳи ҳуқуқдонии шаҳрвандонро ба инобат мегиранд, то ки хонандагон ҳаргиз ноумед нагарданд.
Ҳаррӯз тариқи телевизиону интернету дискҳо кинофилмҳои хориҷиро тамошо мекунем. Тамоми қаҳрамонони филмҳо ҳангоми мушкилот ба полис, табобатгоҳ, кормандони соҳаи оташнишонӣ ва дигар мақомот хабар медиҳанд, ки гувоҳӣ аз маърифати баланди ҳуқуқии онҳост. Чунин ҷараён дар ҷомеаи мо низ бояд ба ҳукми анъана дарояд. Бинобар ин, дар маводҳои ин нашрияи соҳавӣ ҳатман муроҷиати шаҳрвандон ба мақомот нишон ҷой дода мешавад.
Ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» дар тарбияи рушди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, масъулиятшиносӣ, муттаҳидии онон нақши боризе дорад. Бо мақолаву хабарҳои дар ҳафтанома нашршуда ба хонандагон расонида мешавад, ки дар мақомот нафароне бояд кор кунанд, ки ба ин пешаи муҳим арзанда бошанд.

149

Дар шароити кунунӣ ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» ҷиҳати инъикоси муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа, махсусан мақомоти корҳои дохилӣ, дар қатори дигар рӯзномаю маҷаллаҳо фаъол аст. Нуфуз ва таъсири ин ҳафтанома ба рӯҳияи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қавитар аз дигар рӯзномаю ҳафтаномаҳост. Вазъи ҳар лаҳза тағйирёбандаи ҷаҳон, шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ, фаъол гардидани ҳаракату ҷараёнҳои тундрав, густариши хурофот, таъсиру нуфузи фарҳанги бегона ва заиф гардидани маънавиёт миёни иддае аз шаҳрвандони кишвар аз ҳар корманди ҳафтанома ва ҳайати эҷодии он талаб менамояд, ки бештар ба мавзӯъҳои ҳифзи амнияти давлатӣ, муқаддас донистани Ватан, якпорчагии Тоҷикистони азиз, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дахл карда, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ ва ризоияти миллӣ тарбия намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳар суханронӣ ва вохӯриҳо бо шаҳрвандони мамлакат ба ин проблемаҳо ишора карда, аҳли ҷомеаро ба зиракиву ҳушёрӣ даъват менамоянд ва дар баробари ин, масъалаҳои тарғиби ғояҳои ватандӯстона, эҳтирому садоқат ба рамзҳои давлатӣ, муқаддас донистани Тоҷикистони азиз, инъикоси дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ташвиқи ғояҳои миллию умумибашарӣ ва амсоли инҳоро махсус таъкид мекунанд.
Дар асоси ҳамин дастурҳои Сарвари давлатамон ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» бештар ба мавзӯъҳои актуалӣ диққат дода, манфиат ва дастовардҳои миллиамонро таҷассум менамояд. Аҳли эҷоди он таъкидҳои Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат “Бояд таблиғоти ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, инъикоси дурусти зиндагии мардум ва рушди рӯзафзуни Тоҷикистон вазифаи муқаддасу меҳварии адабиёт ва адибони тоҷик қарор гирад”-ро ҳамчун дастури ҳамарӯзаи фаъолият қарор додаанд.
Воқеан, дар муддати 10 соли фаъолият ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» хусусан дар солҳои охир, зери таҳрири Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар ин муддат дар ҳафтанома оид ба бунёд ёфтани як қатор иншооти азим, шоҳроҳҳои бузург, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои нави соҳаҳои иҷтимоӣ ва садҳо корҳои дигари шоиста, ки боиси баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум гардидаву ба тафаккуру зеҳни аҳли ҷомеа таъсири мусбат расонид, мақолаву хабарҳо ҷой дода шуданд.
Мунтазам дар ҳафтанома дар бораи ташаббусҳои шоистаи Сарвари давлат, ки ба хотири арҷ гузоштан ба таърих ва мероси миллию фарҳангӣ амалӣ шудаанд ва ҳар кадоми онҳо барои рушди тафаккури миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат намуданд, мақолаву хабарҳо ҷой дода мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки ҳайати эҷодии ҳафтанома ҷиҳати амалисозии вазифаҳои умдатарин доимӣ фаъолият доранд. Дар ҳафтанома ғояҳои ватандӯстӣ, муқаддас донистани марзу буми Тоҷикистон, садоқат ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ мунтазам тарғиб мегардад, анъанаҳои миллӣ, ҷашнҳои давлатӣ, хислату характери мардуми тоҷик ва дар ин замина, таҷассуми табиати афсунгари Тоҷикистон возеҳ тасвир меёбанд, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ инъикос ёфта, ҳисси миллӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ дар миёни ҷомеа баланд бардошта шуда, амнияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ, мубориза ба муқобили хурофот, бегонашавии фарҳанг ва гирифтани пеши роҳи ҷавонон аз пайвастан ба сафҳои ҷараёну ҳаракатҳои тундрав инъикос гардида, рӯйдодҳои муҳимми таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавлиди корхонаҳои азим, иншооти бузург ва аҳаммияти шоҳроҳҳо дар мамлакат, ҳаёти деҳот, рӯзгори мардуми он ва нақши онҳо дар беҳдошти дастархони халқи мамлакат таҷассум гардида, ҳаёти зиёиён, бахусус омӯзгорону табибон ва аҳли фарҳанг дар хабару мақолаҳо инъикос гардида, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳамаҷонибаи давлату ҷомеаи мо таҷассум меёбанд.
Дар интиҳои баёни андеша, ба аҳли эҷоди ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа», ки инъикоскунандаи фаъолияти шабонарӯзии мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошад, тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно намуда, дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ, ки боварӣ дорам ҳар яки онҳо дар қалбҳо мепарваранду аз навиштаҳояшон ба хубӣ мушоҳида мешавад, муваффақияту пешравӣ орзу мекунем.

Қудратулло ҒУЛОМОВ,
мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии ҶТ,
полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика