Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳадафи Паём: Таъмини зиндагии шоиста

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун солҳои пешин дар саросари мамлакат ва берун аз он, миёни мардум таваҷҷуҳи хоса пайдо кард. Чаро, ки дар ин санади комилан созандаю тақдирсози кишвар масъалаҳои муҳими бунёдӣ, ки ояндаи некӯаҳолӣ ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистонро таъмин месозад, баррасӣ гардид.

Муҳокимаи Паём, чун ҳамасола, миёни оммаи васеъ бо дархост ва пешниҳодҳои ҷолибу воқеӣ ҷамбаст мегардад, ки бешубҳа ба ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, гиромидошти таърихи куҳандиёри тоҷик, чеҳраҳои барҷастаи адабу ҳунар, илму ирфон, такон ва таъсири мусбату дилхоҳ мерасонад. Ҳамзамон дар партави ин Паём, мо аз имконият ва дастовардҳои истиқлолияти Тоҷикистон бояд пайваста бархурдор бошем ва онро ба маҷрои созандаю пешбаранда мутобиқ гардонем ва равона кунем.
Мусаллам аст, ки маҳз бо талошҳои Сарвари муаззами кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба ҳам омада ва ин дастовард боиси он гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварамонро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона эътироф намуд. Ҳамин сулҳу салоҳи беназир ва вусъатбори мо буд, ки Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ пазируфта шуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳарфу садои мо гӯш мекунад. Ташаббусу иқдомҳои Тоҷикистонро мепазиранд ва барои амалӣ гардондани онҳо аз минбарҳои баланд тасмим мегиранд. Бинобар ин вазифаи ҷонии ҳар шахси бо маърифат аз он иборат мебошад, ки чун гавҳараки чашм Ватанамон – Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоят намояд ва онро азизу муқаддас дорад. Ба қадри Модар-Ватан, муқаддасоти миллӣ - истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда талош варзад. Дар раванди мазкур бояд масъалаҳо ва мушкилотеро, ки дар ҷомеаи муосири мо ҷой дорад, ҳамаҷониба омӯхта, роҳу усулҳои ҳалли оқилонаву одилонаи онҳоро ҷустуҷӯ намоем ва дар ин замина асосҳои бунёдии Ваҳдати миллӣ ва сохтори ҷамъиятии онро ташкил дода, фаъолияти онро устувору побарҷо гардонем.
Вобаста ба ин, тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо супориши сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишотӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода мувофиқи ҷадвали тасдиқкардашудаи СХДО ВКД аз тарафи роҳбарияти Сарраёсат ва сардорони шуъбаҳои он дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишотии ВКД ва ҷузъу томҳои он бо ҳайати роҳбарикунанда ва шахсии онҳо омӯзишу муҳокимаи Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.
Ҳангоми вохӯриҳо кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба ин санади комилан созандаю тақдирсози кишвар, ки масъалаҳои муҳими бунёдӣ, ояндаи некӯаҳолӣ ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистонро таъмин месозад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷонибдорию хушҳолии худро аз он иброз намуданд.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки ҳангоми гузаронидани корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ аз тарафи нозирону муҳандисони СХДО ВКД ва ҷузъу томҳои он дар муассисаву иншооти гуногун, хонаҳои баландошёнаву маҳаллаҳои аҳолинишин бо коргарону хизматчиён ва аҳолӣ вобаста ба ин масъала низ маҳфилу суҳбатҳо гузаронида мешаванд.
Мавзӯи асосии ин вохӯриҳо, дар баробари омӯзиши талаботи меъёру қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва таъмини риояи ҳатмии он дар кору фаъолияти ҳамарӯза, инчунин ба масъалаҳои таҳкиму арҷ гузоштани сулҳу субот, якпорчагии мамлакат, устувории суботи ҷомеа, ҳамбастагии байни халқҳо ва қавмҳову миллатҳо, таблиғи дастовардҳои ҷумҳурӣ, фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, мактабу маориф, иҷтимоиёту фарҳанг ва самтҳои дигари баланд бардоштани сатҳи тарбиявию ахлоқӣ ва маърифати мардум бахшида мешаванд.
Дар ниҳоят таъкид кардан лозим аст, ки озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ арзишҳои муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати миллат мебошад. Бинобар ин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад, ки онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намояд ва азизу пос дорад.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, кормандони СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика