Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадршиносии ду нафар ҷавон барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ

129

Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо мақсади қадршиносии корнамоии ду нафар ҷавонон Қодиров Абдулло Мухторҷонович, соли тавалудаш 1991 ва Ҳабибуллои Абдураҳмон, соли таваллудаш 2000, сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки бо нишон додани сифатҳои баланди инсонӣ, аз қабили далерию ҷасурӣ ва ҷавонмардӣ ҳаёти як нафар ҷавонзани 19-соларо аз марг наҷот доданд, ҷаласаи тантанавӣ баргузор намуд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 16-уми январи соли 2018, тахминан соатҳои 11:30-дақиқа, ҷавонзани 19 сола, сокини шаҳри Душанбе аз болои пули назди Корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Душанбе сарозер кардааст, ки дар натиҷа аз ҷониби ду нафар шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон наҷот дода шудааст.

130

Тавре номбурдагон изҳор доштанд, замоне, ки дар ҷои ҳодиса ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, ҷавонзан худро аз болои пул ба дарёи Душанбе сарозер мекунад. Дар ин лаҳза шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон бо нишон додани ҷасорати мардонагӣ ва қарзи инсонӣ ба сардии ҳавои зимистон нигоҳ накарда вориди дарёи Душанбе шуда, ҷавонзани бо марг дасту гиребондоштаро аз дохили об берун меоранд. Дар натиҷа гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, ҷавонзани сармозадаро ба беморхона дастрас менамоянд, ки боиси зиндаву саломат мондани ҷавонзан мегардад.
Дар ҷамъомади тантанавие, ки бо мақсади қадршиносии корнамоии ду нафар наҷотдиҳандагон дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

132

Дар ҷамъомад нахуст сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милисия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, аз сифатҳои ҷавонмардонаи ду нафар сокинони шаҳр, ки барои пешгирии чунин як ҳодисаи нохуш саҳмгузор гардиданд, изҳори миннатдорӣ намуд.
Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо таҳия ва амалинамоии барнома ва чорабиниҳои профилактикии махсус мехоҳад пеши роҳи худкушӣ дар шаҳр гирифта шуда, барномаи тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон муаррифӣ гардад.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмонро барои нишон додани ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносӣ бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ - соати дастӣ қадршиносӣ намуд.
Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика