Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории ВКД ва Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии Сейферворлд (Дунёи бехатар) ҷиҳати амалишавии ислоҳоти милитсия тақвият меёбад

Ҳамкории ВКД ва Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии Сейферворлд (Дунёи бехатар) ҷиҳати амалишавии ислоҳоти милитсия тақвият меёбад
Ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром пеш рафта истодааст. Вазорати корҳои дохилӣ барои амалӣ шудани ислоҳот бо Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмиллалии Сейферворлд (Дунёи бехатар) аз моҳи феврали соли 2016 дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» ҳамкориро ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ намудани Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014– 2020 чорабиниҳои гуногунмазмун гузаронида истодааст.
Ин ташкилот зиёда аз 20 сол мешавад, ки дар давлатҳои Амрикои Лотинӣ, Африқо, як қатор давлатҳои Балкан - Европа (Косова, Албания, Ченигория, Сербия) ва аз соли 2010 дар Қирғизистон амал карда истодааст. Офиси марказии ташкилот дар шаҳри Лондони Британияи Кабир воқеъ гардидааст.
Лоиҳаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» аз тарафи Идораи байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Сафоратхонаи ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва маблағгузорӣ карда мешавад.
Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади пешгирӣ кардани низоъҳои зӯроварона, таъмини амният ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардум бо ташкилоти Сейферворлд (Дунёи бехатар) ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондааст, ки аз талаботи моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дар он гуфта шудаааст «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия ғояи мутобиқати фаъолияти милитсия ба манфиатҳои ҷомеа зери шиори «Милитсия – ин халқ (мардум) аст ва (мардум) халқ - ин милитсия» равона гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон ба муносибати рӯзи милитсия соли 2012 қайд карда буд, ки «Ҳадаф аз тадбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад».
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар баромадашон қайд карда буданд, ки «Мақсад аз ислоҳот ба ин ниҳоди пурнуфӯз танҳо иваз кардани ном набуда, балки дар маҷмӯъ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ даровардани навигариҳои зиёд мебошад».
Иштирокчиён, иҷрочиён ва амаликунандагони барномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳолии кишвар, ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор мебошанд.
Ҳадафи асосии ислоҳоти милитсия дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ин муқаррар, хуб кардан ва нигоҳ доштани ҳамкории ҳаматарафа ва эҳтиромона, ҳалли якҷояи мушкилотҳо, муборизаи дастҷамъона бо ҷинояткорӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, нигоҳ доштани муҳити иҷтимоии бехатар ва давра ба давра беҳтар кардани фаъолияти милитсия мебошад.
Лоиҳаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар асоси Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, ки 19.03.2013 сол бо №1438 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.05.2014 сол бо №296 тасдиқ шудаанд, ҳамчун яке аз самтҳои асосӣ, муҳим ва афзалиятноки ислоҳоти (рушди) милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз амалишавии он иҷроиши дигар самтҳои ислоҳот вобастагии калон дорад ва таъсироти мусбӣ расонида метавонад.
Барномаи “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа” ин пойдевор (таҳкурсӣ) ва яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти милитсия дар доираи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия мебошад. Ин воситаи ба амал баровардани ҳуқуқи коститутсионии шаҳрвандон дар роҳи мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ ва таъмини амният мебошад, ки ба принсипҳои якдигарфаҳмӣ, боварӣ ба якдигар ва ризоияти дуҷониба асос ёфтааст.
Дар давоми соли 2017 Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмиллалии Сейферворлд (Дунёи бехатар) дар доираи лоиҳа бо 7 Шўрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва 24 марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа ҳамкорӣ намуда, дар қаламрави ҷумхурӣ 8 маркази ҳамкориро бо 2 –тогӣ утоҳҳои корӣ таъмир карда, бо мебел, компютер ва дигар таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида, барои истифода ба Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа супоридаанд, ки дар шаҳри Норак (маркази шаҳр), дар ноҳияи Ҳамадонӣ - ҷамоати Панҷрӯд, ноҳияи Ш. Шоҳин – ҷамоати Шурообод, ноҳияи Рашт - ҷамоати Навобод, шаҳри Исфара - ҷамоати Чоркўҳ ва ноҳияи Ишкошим - ҷамоати Рустамбек Юсуфбеков, ҷамоати Зарбдор ва ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб мебошанд. Инчунин барои ҳалли мушкилотҳои ин шуроҳои ҷамъиятӣ (7-то) ва гурӯҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа (24-то), ки нақшаҳои пешгириашонро пешниҳод кардаанд грантҳои хурд (мини – грантҳо) маблағ ҷудо карда шудааст, ки онҳо амалӣ гардидаанд.
Дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилӣ Ташкилоти “Дунёи бехатар” дар моҳи ноябр-декабри соли 2017 дар мавзӯӣ Консепсияи “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа” бо 180 нафар кормандони милитсия, аз ҷумлаи сардорони шӯъбачаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нозирони минтақавӣ, ёрдамчиёни сардор оиди кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва нозирони кор оиди пешгирии зӯроварӣ дар оила семинар ва тренингҳо гузаронида шудааст, ки дар рафти онҳо 2500 адад “Дастури методӣ оид ба гузаронидани вохӯриҳои ҳисоботии нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ” барои расонидан ба ҳамаи нозирони минтақавии милитсияи ҷумҳурӣ тақсим карда шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2018 дар нақша гирифта шудааст, ки 4 марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа - дар ноҳияи Ваҳдат (ҷамоати Симиганҷ), ноҳияи Бохтар (ҷамоати Бустонқалъа, ноҳияи Фирдавси-2 (ҷамоати Машъал) ва ноҳияи Ванҷ иборат аз 2-тогӣ утоқи корӣ ва як толори маҷлисӣ, ки сохтмони онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд, бо мебелу компютер ва дигар таҷҳизотҳои замонавӣ омода намуда, мавриди истифода қарор диҳанд. Ғайр аз ин дар нимсолаи 1 соли 2018 харид ва насб кардани таҷҳизот барои видео-телеконференсия дар ВКД пешбинӣ шудааст.
Инчунин дар соли 2018 ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони 5 иморати “Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” дар назди мақомоти милитсия ба итмом расонида шуда, онҳо бо мебел, компютер ва дигар таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз гардонида мешаванд.
Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Ғуломов Қ.Ҷ.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика