Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвият додани нақши занон дар соҳаи бехатарӣ

88

Дар семинари ҳамоҳангсозӣ, ки 11-уми январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳбарони Ташкилотҳои ҷамъиятии интихобшудаи ғолиб дар назди намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ғуломов Қудратулло ва сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД полковники милитсия Ҳукуматулло Зикрулло, нақшаҳои таҳиякардаашонро оид ба масоили гендер муаррифӣ карданд.

Чорабинии мазкурро бо суханони ифтитоҳӣ Фердинанд Николла - Роҳбари барномаҳои «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) дар Тоҷикистон ва Қудратулло Ғуломов - Мушовири калони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ Ғуломов Қ. қайд кард, ки ҳамкории дуҷонибаи байни Вазорати корҳои дохилӣ ва «Сейферворлд» зич ба роҳ монда шуда, фаъолияти муштаракамон босамар мебошад, алахусус омӯзиш оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа барои кормандони ВКД самарабахш буд, ҳамчунин таъсисдиҳии Марказҳои нави ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ки чун замина барои ҳамкории байни милитсия ва ҷомеа хизмат мекунанд, айни муддао мебошанд.
Намояндагони ВКД нақшаҳоро баҳодиҳӣ ва дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани онҳо дар рафти амалисозӣ аз моҳи январ то 31 марти соли 2018 тавсияҳои зарурӣ доданд. Лоиҳаҳо ба ҳалли мушкилоти занон дар ҷомеа равона карда шуда, 2 мавзӯъро дар бар мегиранд: дастрасии занон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нақши зан дар таъмини бехатарӣ.

89

Дар интиҳои семинар байни ташкилоти «Сейферворлд» ва ҳафт ташкилотҳои ҷамъиятии зерин Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд:
- Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор “Кадбону” – лоиҳа дар ш.Душанбе ва Ваҳдат;
- Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди рушди ҷомеа” дар ҳамроҳӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Гурдофарид” – дар ш.Истаравшан, ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Гулистон;
- Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони пешсаф” – дар ш.Панҷакент;
- Ташкилоти ҷамъиятии “Наҷоти кӯдакон” – дар минтақаи Кӯлоб;
- Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази дастгирии Ғарм” – дар ноҳияи Рашт;
- Ташкилоти ҷамъиятии “Мадина” дар шаҳри Хоруғ.

90

Мавриди қайд аст, ки дар доираи ислоҳоти милитсия чунин чорабиниҳо пайваста баргузор гардида, ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаи кормандони милитсия бо ҷомеа мусоидат менамояд.
Гул Маҳбуба, Манижа Тилавова.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика