Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фахрам аз он ки Тоҷикистон дорам!

85

Имрӯз дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С. Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии ҳайати эҷодии ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа» бо аҳли маорифи ин ноҳия доир гардид.

Нахуст зимни муаррифӣ намояндаи шуъбаи маориф ва илм аз ҳамкориҳои пайвастаи мактабу оила ва милитсия сухан ронда, ин робитаро дар тарбияи худшиносии насли наврас муҳим арзёбӣ намуд.

86

Сипас, сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ зимни суханронии хеш аз ҳамкориҳои пайвастаи мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус робитаи ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки ҳайати эҷодии нашрияи соҳавии ВКД бо кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ҳамкории зич дошта, маорифчиён хонандагони фаъоли ҳафтанома ба ҳисоб мераванд.
Мавсуф аз мақоми омӯзгор ҳарф зада, аз ҷумла зикр намуд, ки нақши омӯзгор дар баркамолрасии насли наврас ва ба роҳи рост ҳидоят намудани инсон хеле зарур мебошад. Маҳз омӯзгор аст, ки ба мо ғизои маънавӣ бахшида, одаму оламро дар чашми башарият равшан менамояд.

87

- Ҳафтаномаи соҳавиии ВКД - «Қонун ва ҷомеа» чун инъикоскунандаи сиёсати давлатӣ, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, паст кардани сатҳи қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон матлабҳои зиёдеро ба нашр мерасонад, ки мутолиа ва истифодаи онҳо дар дарсҳову ҷаласаҳои пагоҳирӯзии муассисаҳои таълимӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд, - афзуд номбурда.
Мафсуф ҳамзамон аз беҳтар гардидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба аҳли ҷамоатчигӣ ёдовар гашта, илова намуд ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ Ислоҳоти милитсия ҷараён дорад ва яке аз ҳадафҳои асосии он, наздиксозии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум мебошад, ки аллакай дар ин ҷода ташаббусҳои созанда татбиқ гардиданд.
Сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» инчунин дар бораи тарбияи ватандорӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат, садоқати кормандони милитсия, саҳми онҳо дар суботу осоиштагии кишвар ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки тоҷикон дар ҷаҳон чун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун шинохта шудаанд ва ин бояд фахри ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.
Дар охир миёни иштирокдорон муҳокима ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Н. ҶОБИРОВ,
Т. ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика