Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории «Форуми занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилояти Хатлон»

177

Рӯзи 19-уми декабри соли равон дар кохи «Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон «Форуми 2-юми занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилояти Хатлон» доир гардид. 

Дар Форум раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низоми, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.

178

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар суханронии худ дарҷ кард, ки: «дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла, терроризм ва экстремизм барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол вазифаи муҳим мебошад. Имрӯзҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят зиёда аз 350 нафар занон фаъолият менамоянд, ки теъдодашон сол ба сол зиёд гашта, дастовардҳои хизматиашон ҳам назаррас мегардад».
Форум бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи сиёсати мутавозини гендерӣ дар кишвар, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар ҷомеа, решакан намудани табъизу зӯроварӣ нисбати занон баргузор гашт.
Дар рафти Форум аз ҷониби раиси вилоят ба фаъолонзанон Сипосномаҳо супорида шуданд.

179

Дар қисмати дуюми форуми мазкур, ки таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ҷараён гирифт, подполковники милитсия, нозири калони шуъбаи ташкилӣ-нозиротии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Офоқ Қодириён дар мавзӯи «Нақши занони милитсия дар ҷомеа», коргузори Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ Низора Назарова дар мавзӯи «Ҷавонон-ояндаи миллат» ва нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии вилоят Зулайхо Исломова дар мавзӯи «Рушди соҳаи адлия ва саҳми занон дар он» маърӯза карданд.
Дар хотима ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯргонтеппа бо барномаи ҳунарии ҷолиб хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика