Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Риояи қоидаҳои таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории Рашт

113

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт чун садҳо иншооти дигари манотиқи гуногуни кишварамон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин муассисаи давлатии таълимӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2013, дар заминаи Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ин ноҳияи дурдаст таъсис дода шуд, ба хотири коҳиш додани ниёзмандӣ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар ин минтақаи кӯҳистон ба фаъолият оғоз намуд.
Донишкадаи мазкур, ки бо кӯмаку дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити мусоиди таҳсилу илмомўзӣ таъмин гардидааст, мутахассисонро аз рўйи ихтисосҳои гуногуни самти омўзгорӣ барои тамоми ноҳияҳои минтақаи Рашт тайёр месозад, ки онҳо дар рушду тараққии ин қисмати Ватани азизамон нақши муҳим доранд.
Зимни чорабинии мақсадноке, ки дар доираи Нақша-чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин донишкада гузаронида шуд, бори дигар гуфтаҳои боло исботи худро пайдо карданд. Аз ҷумла, ҳангоми амалисозии ин тадбирандешӣ, ки ба хотири ошкору пешгирӣ кардани ҳолатҳои вайрон намудани низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ сурат гирифт, муайян карда шуд, ки воқеан ҳам қоидаҳои таълиму тадрис дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми талаботҳои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар дар ин ҷо риояву иҷро мешаванд.
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳам аз ҷиҳати сифати таълиму тарбия, дониши донишҷўён ва ҳам аз ҷиҳати риояи талаботҳои марбутаи соҳаи маориф намунавӣ мебошад. Дарвоқеъ, намуди зоҳирии донишҷўёни ин донишкада, риояи қоидаҳои либоспўшӣ, иштирокашон дар дарсҳо ва ҳозирҷавобию дониши баланди онҳо шоистаи таҳсин мебошад. Ҳамчунин, тозаву озода будани саҳни донишкада ва бо овезаҳои гуногун оро додани дохили бинои он боз ҳусни дигар зам намудааст.
Дар суҳбат бо маъмурияти ин донишкада кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ оид ба паҳлўҳои гуногуни санадҳои марбутаи меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, изҳор намуданд, ки ин қонун падару модарро вазифадор менамояд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рўҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд. Тавре қайд карда шуд, мактаби олӣ барои ҳар як ҷавон макони омўзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия мебошад. Омўзгорони он бошанд, дар навбати худ ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандўстиву зебоипарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи донишҷўёнро такмил медиҳанд.
Абдулло ШОЕВ, нозири калони гурўҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика