Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ дониши кормандон ҷиҳати ҳамкорӣ бо ҷомеа боло бурда мешавад

Аз санаи 4-ум то 15-уми декабри соли 2017, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва ташкилоти ғайридавлатии «Дунёи бехатар» семинар дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар истироҳатгоҳҳои «Баҳористон»-и вилояти Суғд ва «Сароб»-и ноҳияи Варзоб бо сардорони шӯъбаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, сарнозирони минтақавии милитсия, нозирони зӯроварӣ дар оила, нозирони минтақавии милитсияи вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ВМКБ гузаронида шуд. 

Дар семинар мушовири Вазири корҳои дохилии давлати Литва оид ба ислоҳоти политсия ҷаноби Раймундас Колесникас, сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Нажбудинов М.А. ва профессори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Юлдошев Р.Р. дар мавзӯъҳои моделҳои гуногуни ҳамкорӣ бо ҷомеа, принсипҳо ва фаъолияти политсияи давлатҳои пешқадами Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа омӯзиш гузарониданд.

Инчунин дар семинари мазкур Ҳамоҳангсозӣ миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф.А., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ғуломов Қудратулло оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа суханронӣ намуда ҷиҳати манфиатнок будани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти мардум тавсияҳои судбахш доданд.
Дар рафти омӯзиш аз таҷрибаи пешқадами ҳамкорӣ бо ҷомеа мубодилаи таҷриба карда, аз роҳҳои самараноки ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумотҳои муфид дода шуд. Махсусан ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармони Вазорати корҳои дохилӣ аз 10 июни соли 2017 №256 «Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия дар ҷойҳо», «Дастури методӣ оид ба гузаронидани вохӯриҳои ҳисоботии нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ» ва «Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва дурнамои рушди он дар заминаи ислоҳоти мақомоти милитсияи Тоҷикистон» маълумотҳои зарурӣ ва ба ҳар як иштирокчӣ нусха аз Низомнома, Дастури методӣ ва китобҳо дода шуд, ки дар вақти хизмат истифода намоянд.
Ғуломов Қ.Ҷ. мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика