Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои Осорхонаи ВКД

- Ба Осорхонаи Вазорати корҳои дохилӣ давоми соли ҷорӣ зиёда аз 1200 нафар хонандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ташриф овардаанд. Бо хонандагон доир ба таъсисёбии милитсияи тоҷик ва қаҳрамониҳои мақомоти корҳои дохилӣ маълумот дода мешавад ва ба ин васила, онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия хоҳанд ёфт, - мегӯяд сардори Осорхонаи ВКД полковники милитсия Шарифзода Маҳмад Тоҷиддин.
Дар асоси нақша-чорабиниҳои фарҳангию фароғатии Вазорати корҳои дохилӣ омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба Осорхонаи ВКД ташриф оварданд.
Тавре сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Шуъбаи 1-уми ВКД дар ин ноҳия майори милитсия Муборакшо Бадалов иброз намуд, хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №20, 21, 55, 65, 79 ва 100-и ноҳияи Шоҳмансур, дар умум зиёда аз 60 нафар аз Осорхонаи ВКД дидан намуда, бо давраҳои инкишофи милитсияи тоҷик ошно гардиданд.

Мақсад аз роҳандозии ин гуна чорабинӣ пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни мактаббачагон буда, ин иқдом онҳоро аз беҳудагардӣ боз медорад. Хонандагон минбаъд метавонанд дар вақти фориғ аз дарс ба тамошои ҷойҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе бираванд.
Омӯзгорон ва хонандагон пас аз тамошои ин осорхона ба худ як ҷаҳон таассурот бардошта, ба роҳбарияти ВКД изҳори сипос намуданд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки боздид аз Осорхонаи ВКД ройгон ба роҳ монда шуда, мактаббачагону донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун метавонанд ба ин макон ташриф оварда, аз таърихи милитсияи тоҷик огоҳӣ пайдо намоянд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика