Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқдоми наҷиб: Сафарбарнамоии мактаббачагон ба театр

Санаи 8-уми декабр бо ташаббуси сардори Шуъбаи 1-уми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино як гурӯҳ омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ин ноҳия дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи «Модар, маро бубахш!»-ро тамошо намуданд.
Намоишнома дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров ва саркоргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов ба саҳна гузошта шуд.

Муҳтавои он чунин буд: Зоир ном ҷавоне мехоҳад, ки баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултетаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорад. Ӯ лаёқати хуби рӯзноманигорӣ дошта, дар мактаб низ аълохон аст. Модараш, ки муаллима аст, мехоҳад фарзандаш донишманд ва бофарҳанг ба воя расад, вале бо амри тасодуф Зоир бо ду нафар ҷавонони нашъаманд, дузд ва бекорхӯҷа шинос гардида, ба доми фиреби онҳо меафтад. Сипас, гирифтори бемории нашъамандӣ гашта, ҳамчунин аз бекорӣ даст ба дуздӣ мезанад. Рафиқони наздикаш дар охир ӯро қарздор намуда, шиканҷааш медиҳанд, ки қарзро баргардонад, вагарна ӯро мекушанд…
Хуллас, намоишнома хусусияти тарбиявӣ дошта, хонандагонро ба роҳи рост, омӯзиши донишҳои замонавӣ ва дурӣ ҷустан аз бекориву бадрафторӣ даъват менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки сафарбарнамоии омӯзгорону хонандагон ба театр дар асоси нақша-чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва муноқишаҳои байнимактабӣ, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ сурат гирифта, дар ин намоишнома хонандагони 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика