Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинои шуъбачаи шаҳрии милитсия пурра таъмир гардид

Корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он ба ҳукми анъана даромада, пайваста биноҳои хизматӣ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд. 

Бинои Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки ба таъмиру рангу бор ниёз дошт, давоми ҳафтаи охир бо дастгирии роҳбарияти ҶДММ «Бозори Корвон» дар якҷоягӣ бо ҳайати шахсии шуъбачаи мазкур ба маблағи 280-ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуд. 

 

Бояд тазаккур дод, ки бинои шуъбачаи мазкур давоми солҳои охир фарсуда гардида, ба талаботи шаҳрдорию шароити корӣ мувофиқ набуд. Бо таъмиру азнавсозӣ гардидани он дар баробари ободу зебо гардидани як гӯшаи пойтахт, ҳамзамон бо хуб гардидани шароити корӣ фаъолияти кормандони милитсия низ густариш меёбад.

 

Дар бинои мазкур саҳни ҳавлӣ пурра мумфарш, фурузонакҳои кӯҳна бо нав, гирди бино бо девори баланду дарвозаи оҳанин, утоқҳои корӣ бо шароити хуб таъмин карда шудаанд.

Қобили қайд аст, ки бо шароитҳои хуби корӣ таъмин гардидани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имконият фароҳам меоварад, то фаъолияти хизматии худро дучанд намуда, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ кӯшишу ғайрати худро равона созанд.
Сироҷиддин Шукуров




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика