Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия бо мактаббачагон

Масоили вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, тарғиби илмомӯзиву ватандӯстӣ дар байни онҳо ва ба роҳи рост ҳидоят намудани намояндагони ин насли ояндасоз аз вазифаҳои асосии кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноблиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вобаста ба иҷроиши чунин ӯҳдадорӣ кормандони ин ниҳод ҳамкориро бо намояндагони касбу кори гуногун тақвият бахшида, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Аз ҷумла, чунин як чорабинии мақсаднок чанде пеш бо иштироки масъулини Хадамоти мазкур ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар муассисаи таълимии рақами 45-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.
Нахуст сардори Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Маҳмадалӣ Миралӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки мо бояд ҳамкориро бо мақомоти корҳои дохилӣ таҳким бахшем ва чунин вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ пайваста гузаронида шаванд, то ки аз авбошиҳои гурӯҳӣ бо иштироки ҷавонону ноболиғон пешгирӣ карда тавонем.
Дар баромади худ сардори ХПҲНҶ ВКД ҶумҳурииТоҷикистон полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб изҳор дошт, ки гузаронидани ин гуна вохӯриҳо дар муссисаҳои таълимӣ ба манфиати мактаббачагону омӯзгорон буда, боиси боз ҳам беҳтару хубтар гардидани ҳолати таълиму тарбия дар байни наврасон мегардад. Мавсуф қайд намуд, ки таълиму тарбияи насли наврас вазифаи асосии ҳар фарди солими ҷомеа буда, ҳар яки моро зарур аст, то дар тарбияи ин насли ояндасоз саҳмгузор бошем.

Дар идомаи чорабинӣ доир ба таъмини иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масоили марбут ба таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон ибрози назар карда шуд. Инчунин қайд гардид, ки масъалаи назорат ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои бо телефонҳои мобилӣ ва ҳаргуна ороишот ба дарсҳо ҳозир шудани муҳассилин ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Доир ба масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва бадахлоқиву бадрафтории баъзе аз хонандагон низ изҳори назар карда шуд.
Абдулло Шоев, Дилшод Холов.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика