Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи истифодабарии техникаи оташнишонӣ

Рӯзи 24 октябри соли 2017, дар толори маҷлисгоҳи кисми махсуси минтақавии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД бо омӯзгорону курсантони курсҳои 3, 4 ва 5-уми кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Истифодабарии техникаи оташнишонӣ дар хадамоти давлатии оташнишонӣ» баргузор карда шуд. 

Конференсияро бо суханони ифтитоҳӣ муовини аввали сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Қутфиддин Салоҳиддинзода оғоз намуд. Мавсуф ҳамчунин дар суханронии худ аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ва таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудан нисбати ин нерӯи созанда ёдовар гардида, дар бораи эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» изҳори назар намуд.
Мавсф таъкид дошт, ки ин ҳама дастгирию ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбати ҷавонон, фароҳам овардани тамоми шароитҳо баҳри аз бар намудани илму дониш ва соҳибкасб гардидани насли ояндасоз боисӣ ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Сипас аз тарафи мутахассисони варзидаи СХДО ВКД дар мавзӯҳои «Истифодабарии воситаҳои оташнишонӣ дар иншоотҳои гуногун», «Нақлиётҳои оташнишонии асосӣ ва истифодабарии он барои хомӯш намудани ҳодисаи сӯхтор ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда», «Нақлиётҳои оташнишонии махсус ва истифодабарии онҳо», «Таҷҳизотҳои автоматии воқифкунанда ва сӯхторхомӯшкунӣ», маърузаҳо хондаву ба саволҳои сершумори иштирокчиёни чорабинӣ посухҳои муфассал дода шуданд.

Қисмати дуюми конфренсия дар саҳни ҳавлии қисми махсуси минтақавии СХДО ВКД аз тарафи муовини аввали сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Қутфиддин Салоҳиддинзода ба таврӣ амалӣ гузаронида шуд, ки дар рафти он курсантону омӯзгорони Академияи ВКД бо нақлиётҳои гуногуни замони муосири оташнишонӣ аз наздик ошнои пайдо намуда, тарзу усулҳои истифодабарии самараноки онҳоро дар амал омӯхтанд.
Кароматулло Абдуллоев
Толиб Ҳаётов
СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика