Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди мактаббачагон аз бинои Академияи ВКД

Рӯзи 20-уми октябри соли 2017, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 60 ва 63-и пойтахт барои боздид ва шиносоӣ аз рафти донишомӯзӣ ва шароитҳои азхуднамоии барномаҳои таълимӣ ба муносибати «Соли ҷавонон» ба Академияи ВКД даъват гардиданд. 

Хонандагони муассисаҳои номбурдаро омӯзгорони Академияи ВКД бо руҳияи болида пешвоз гирифта, бо роҳбаладии хеш онҳоро бо китобхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, синфхонаи махсуси криминалистика, бехатарӣ аз сӯхтор, ронандагӣ, тайёрии оташнишонӣ ва ошхонаи Академияи ВКД аз наздик ошно намуданд. Ҳамчунин ба хонандагон мошинҳои ҳарбӣ, толори тирпарронӣ ва ғайра нишон дода шуд. 

 

Илова бар ин баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҷавонону ноболиғон, ба хонандагони мусасисаҳои зикргардида видеороликҳои хусусияти тарбиявидошта нишон дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки бинои нави Академияи ВКД соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 

Зимни сӯҳбат бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар маҷлисгоҳи Академия, Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб изҳор дошт, ки мақсад аз ҷалби хонандагон барои боздид аз бинои мазкур пеш аз ҳама пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва ҷалб намудани таваҷҷӯҳи онҳо ба фанҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.     

Хонандагон баъди боздид аз шароитҳои Академияи ВКД ва суҳбати ошкоро бо кормандони милитсия ба роҳбарияти ВКД изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуданд.

Абдулло Шоев




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика