Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақшаҳои профилактикӣ татбиқ гардиданд

 

Имрӯз, (07.07.с.2017), дар толори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД шаҳри Душанбе ва намояндагони Гурӯҳи навтаъсиси ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди ҳайати шахсии Раёсати мазкур оид ба натиҷаҳои фаъолияти хеш баромад карданд.
Чорабиниро муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Раҷабзода Каромат ифтитоҳ бахшида, оид ба ҳамкории милитсия ва ҷомеа, ҳамчунин доир ба таҷрибаи омӯхта аз амалияи Ҷумҳурии Қирғизистон маълумот дод.

Сипас муовини роҳбари Шӯрои ҷамъиятӣ Билолов Неъматулло, роҳбари Гурӯҳи кории Шӯрои мазкур Латипова Гулпарӣ ва аъзои Шӯро Ёров Давлат дар бораи чорабиниҳое, ки дар чаҳорчӯби нақшаи профилактикии аз ҷониби ташкилоти “Дунёи бехатар” ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “АЗИТ” дастгирӣ ёфта буданд, маълумот доданд.
Нақша оид ба пешгирии муноқишаҳо дар байни ҷавонон аз моҳи декабри соли 2016 то моҳи майи соли 2017 дар шаҳраки Зарафшон бо саъю кӯшиши Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди РВКД дар шаҳри Душанбе амалӣ гардид.
Аъзои Шӯрои мазкур Сайрам Бобоназарова ва роҳбари Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеи ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ Катамардов Олим низ оид ба нақшаи профилактикӣ дар самти паст намудани шумораи садамаҳо дар роҳҳои мошингард баромад карданд.
Баромадкунандагон вобаста ба муваффақиятҳо, корҳои амалигашта ва сабақҳои омӯхта сухан ронда, ҷиҳати бартараф намудани проблемаю мушкилоти ҷойдошта як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Гул Маҳбуба, Манижа Тилавова. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика