Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа дар минтақаи Рашт

Рӯзи 30 июни соли 2017 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт вохӯрӣ бо аҳолӣ оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, фаҳмонидани оқибатҳои он ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, Раиси ноҳияи Нуробод Дустзода Ҳасан Тағдир, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, муовини сардори раёсати мазкур полковники милитсия Амиршозода Ҷамшед Азиз, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сархатибони масҷидҳо ва аҳли ҷомеа иштирок доштанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ва иштироки бархе нафарони гумроҳ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухурдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо мебошад, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.
Иштирокчиёни вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа сӯҳбати озоду самимӣ ороста, ақида ва мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои ифротгароро бо истифода аз далелҳо ба таври возеҳ ва равшан ба аҳли ҷомеа фаҳмониданд.
Дар рафти вохӯрӣ раисони деҳаҳо ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои минтақаи Рашт ба сухан баромада, доир ба пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир, ки зуҳуроти навину нангинро ба бор овардааст, ибрози андеша намуданд.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои тундгарою ифротгаро ва робитаи зичи аҳолӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардид.
Гул Маҳбуба


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика