Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдату ягонагӣ – ин асоси зиндагии мардуми дунёст

Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу равияҳои ифротгаро ва баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон, татбиқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо сокинони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ш.Шоҳин, Муъминобод, Ховалинг вохӯриҳо доир намуданд. 

Дар вохӯрӣ раисони ноҳияҳо, фаъолон, ҷавонон, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигии маҳал ширкат варзида, бо кормандони милитсия сӯҳбатҳо оростанд.
Сардори Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор дар баромади худ кайд кард, ки асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун таърихи гузаштаи ӯст. Ва ҳукумати мо мардони меҳрофарину содиқи худро, ки меҳри бузург дар дилу ҷон нисбати хоку оби Ватан доранд, ҳамеша қадр мекунад. Ифтихори мо низ аз он аст, ки халқи тоҷик аз қадим мардуми бунёдкору созанда аст.
Боиси таассуф аст, ки солҳои охир шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, зуҳуроти наве, ки хатари зиёдеро дар ҷаҳони муосир эҷод кардааст, ба назар мерасад. Яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ин таҳсилоти ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар арзёбӣ мешавад.
Аз ҷумла, чанд нафар аз сокинони шаҳри Кӯлоб ва навоиҳои атроф дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо иштирок менамоянд, ки онҳоро бо роҳи фиреб, тариқи шабакаҳои интернетӣ ҷалб намуда, ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардонидаанд.
Мақсади ягонаи мо пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа мебошад.
Хар як сокини кишвари азизамонро қарзи виҷдониву инсонист, ки аз ин ҳама зуҳуроти номатлуб ҷилавгирӣ намуда, дар тақдири насл ва кишвару миллат бояд, ки бетараф набошад, - афзуд Фатоҳзода А.
Ваҳдату ягонагӣ - ин асоси зиндагии мардуми дунёст. Сулҳу офариниш ҳамдиливу созандагӣ шиори ҳамешагии мо сокинони Тоҷикистони азиз, бояд бошад. Зеро:
Садо, кай зи як даст дорад танин,
Ба ёрони ҳамдасти мо офарин.
Иштирокдорони вохӯри ба музокира баромада аз ҷангҳои дохилии солҳои 1992 ёдовар шуданд.
Ҷанги шаҳрвандие, ки мардуми тоҷикро ба парокандагиву сарсонӣ, хонавайрониву аз даст додани ҷони даҳҳо ҳазор ҳамдиёрамон овард, то ҳанӯз нақши захмҳояш дар қалбҳо боқист. Саҳми мардони баори ин минтақа низ дар барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар басо назаррас аст.
Дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки наврасону ҷавонон, зираку ҳушёр бояд бошанд. Ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона ҳамроҳ нашаванд, аз одатҳои бад парҳез намуда, тарзи ҳаёти солимро интихоб намоянд. Барои ободии ин гӯшаи Ватан, саҳми назарраси худро гузоранд.

Дар рафти сӯҳбатҳо аз дастовардҳои миллати точик бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои ин абармарди таърихӣ дар тӯли солҳо барои аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани халқи тоҷик ва кишвари тоҷикон чанд нафар аз сокинон ба сухан баромада, иброз доштанд, ки мо тамоми кӯшиши худро барои тинҷиву оромии кишвари азизамон дареғ намедорем ва дар атрофи Президенти Тоҷикистон, ки дар қалбҳои мо як рамзи сулҳу ваҳдати миллист, сарҷамъ ҳастем.
Дар фарҷом байни иштирокдорони вохӯрӣ бо кормандони милитсия сӯҳбати озоду самимӣ доир карда шуда, онҳо мардумро ба ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ даъват намуданд.
Офоқи Қодириён


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика