Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тӯҳфаҳои идонаи кормандони милитсия ба ятимон

Дар остонаи таҷлили 20-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Фитр роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, тарбиятгирандагони ин муассисаро аёдат намуданд. 

Ҳамин аст, ки роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо нисбати табақаи ниёзманди ҷомеа - ятимону бепарасторон, ашхоси яккаву танҳо ва барҷомондагон ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва сарпарастии Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷандро низ ба ӯҳда доранд.
Маврди зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии вилоят ба ин муассиса мунтазам ёрии моддӣ расонида мешавад.
Дар арафаи таҷлили 20-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Фитр роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд баҳри дастгирӣ ба «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд бо дастовезҳои идона ташриф, аз вазъи будубоши тарбиятгирандагон дидан намуда, ба кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуди ин муассиса тӯҳфаҳои идона, маводи хӯрока ва лавозимоти барои парвариши кӯдакон пешбинишуда тақдим намуданд.
Бино ба иттилои садорати «Хонаи кӯдакон» дар муассисаи мазкур зиёда аз 60 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва тифлакони имконияташон маҳдуд ба таълиму тарбия ва табобату солимгардонӣ фаро гирифта шуда, имрӯзҳо бо ташаббуси сиёсати ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳои моддиву маишӣ ва фароғативу тавонбахшӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор фароҳам оварда шудааст. Шароитҳои мавҷуда имконият медиҳад, ки кӯдакону ятимони бепарастор ҳеҷ гоҳ хастагиву танҳоиро эҳсос накунанд.

Дар навбати худ мураббиёни «Хонаи кӯдакон» аз иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии чунин муассисаҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳар, ки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика