Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-машварат оид ба пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар фасли тобистон

Ҳамасола бо фарорасии фасли тобистон дар хоҷагиҳои ҷангал ва дигар талу теппаҳо, хусусан дар ҳудуди оромгоҳҳо, ҳодисаҳои сӯхтори алафҳои хушки худрӯй ва зироатҳои ғалладонагӣ аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба қайд гирифта мешаванд.
Дар натиҷаи ҳодисаҳои сӯхтори алафҳои хушки худрӯй, ки сари вақт аз ҷониби хоҷагиҳо даравидаву тоза карда намешаванд, Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали Агентии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боғу гулгаштҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва оромгоҳҳо аз он зарар мебинанд.
Яке аз сабабҳои асосии ба амал омадани чунин ҳодисаҳои нохуш ин пеш аз ҳама аз тарафи баъзе аз роҳбарону масъулони дахлдор саривақт иҷро накардани чорабиниҳои зиддисӯхторие, ки ҳамасола пеш аз фарорасии фасли гармо, аз ҷониби мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори СХДО ВКД ва воҳидҳои он тариқи амрнома ба онҳо супорида мешаванд.
Қобили қайд аст, ки тибқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами наботот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба мафиати халқ кафолат медиҳад.
Вобаста ба ин, санаи 21-уми июн, бо ташаббуси сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода дар толори маҷлисгоҳи СХДО семинар-машварат дар мавзӯи «Пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар фасли тобистон» бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони ботаҷрибаи Сарраёсат, Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД, масъулони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорону мутасаддиёни муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ, намояндаи Муассисаи давлатии Боғи ботаникии «Ирам», Муассисаи давлатии Раёсати оромгоҳҳо ва дигар шахсони мутасаддии хоҷагиҳои кишоварзӣ баргузор гардид.
Семинар-машваратро муовини аввали сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Қутфиддин Салоҳиддинзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфт. Мавсуф зимни баромад вобаста ба камбудию норасоӣ ва мушкилоти зиддисӯхторие, ки дар Муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳудуди оромгоҳҳо ҷой доранд ва роҳу усулҳои самараноки муосири бартарафсозии онҳо суханронӣ намуда, ба ҳозирин як қатор тавсияву пениҳодҳои муфид дод.

Дар ҷараёни семинар-машварат ба иштирокчиён видеофилм вобаста ба камбудиҳои зиддисӯхторӣ ва ҳодисаҳои сӯхтор дар ҷангалу хоҷагиҳо ба амаломада намоиш дода шуд.
Сардори Шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори СХДО ВКД подполковники хизмати дохилӣ Фаррух Ҳалимзода низ дар баробари пешниҳодҳои зиддисӯхторӣ, инчунин тавсия дод, ки бо мақсади баланд бардоштани донишу малака ва маърифати ҳуқуқии коргарону хизматчиён ва аҳолӣ, ҷиҳати пешгирӣ ва хомӯш намудани ҳодисаҳои сӯхтор, бо ҷалби мутахассисони ХДО ВКД корҳои тарғиботу ташвиқоти зиддисӯхторӣ дар тамоми хоҷагиҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини наздик ба онҳо ҷойгиршуда, мунтазам ба роҳ монда шаванд.
Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи СХДО ВКД ва намояндагони агентиву муассисаҳои давлатии даъватшуда, вобаста ба таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика