Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ

Имрӯз (15.06.2017), кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ВКД ва кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди ноҳияи Рудакӣ, аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Гулистон ва ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бо ҷавонон, фаъолон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва имомхатибони масҷидҳои ноҳия вохӯриҳо доир намуданд.

Дар чорабиниҳои мазкур диққати махсус ба масъалаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистидошта ва роҳҳои пешгирии он равона гардид. Инчунин муовини сардори ХПҲНҶ полковники милитсия Шокирзода Баҳром зимни суханронӣ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ намуда, бандҳои алоҳидаи қонуни мазкурро мавриди муҳокима қарор дод.
Ҳамчунин ба ҳозирин мисолҳои мушаххас аз ҷинояту ҳодисаҳои дар ноҳия ба вуқӯъомада ёдовар шуда, зикр кард, ки ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, ҷиҳати пешгирии ҷинояту чинояткорӣ бо кормандони милитсия ҳамкориҳоро ба роҳ монда, ба манфиати давлату ҷомеа хизмат намоянд.

Мавриди зикр аст, ки робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа дар раванди пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ муҳим арзёбӣ гардида, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри боз ҳам тақвият бахшидани кор дар ин самт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.
Дилшод Холов, нозири гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД, капитани милитсия 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика