Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо мактаббачагон дар шаҳри Қурғонтеппа

Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо мактабу маориф ва тарбияи насли наврас дар ҳамкорӣ бо ҷомеа пайваста вохӯриҳои судманди кормандони милитсия бо мактаббачагон доир карда мешавад.
Дар ин радиф вохӯрии сардори ШВКД дар шаҳри Курғонтеппа, полковники милитсия Исозода Набиҷон Исо бо хонандагони синфҳои 9 ва 11-и литсейи давлатии №1 шаҳри Қурғонтеппа ва волидайни онҳо баргузор гардид.
Мақсад аз вохӯрӣ пешгирии содиршавии ҷиноят, алалхусус ҷиноятҳои авбошии гурӯҳӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, инчунин шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористиву экстремистӣ иборат буд.
Ҷамъомадро директори лицейи №1-и шаҳри Қурғонтеппа, Қосимзода Баргигул оғоз намуда, оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва риояи ҳатмии он маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда, инчунин оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии зуҳуроти номатлуб изҳори назар кард.

Сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Курғонтеппа, полковники милитсия Исозода Набиҷон Исо дар баромади худ оид ба масъалаҳои пешгирии қонуншиканиву ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҷавонону ноболиғон, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, ташвиқу тарғиби ҳисси ватандӯстӣ ва бо омӯзиши илму дониш машғул шудани хонандагон ибрози андеша намуд.
Зикр карда шуд, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз, ки назари аҳли ҷомеа ба он нигаронида шудааст, ин муноқишаҳои гурӯҳии байни мактаббачагон мебошад. Ҳамчунин монеъ шудани баъзе падару модарон ба таълимоти фарзандон боиси дур мондани онҳо аз таълиму тарбияи ҳатмии миёнаи асосӣ ва даст задан ба ҳар гуна ҷиноятҳо мегардад.
Ёдовар гардиданд, ки насли калонсол, бахусус падару модарон ва нафароне, ки ба таълиму тарбия машғул мебошанд, бояд бо дарки баланди масъулият назоратро аз болои наврасону ҷавонон зиёд намуда, дар пешгирӣ намудани оқибатҳои фоҷеабору нангини шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав бетараф набошанд.
Касбу ҳунар ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ, эҷодкорӣ, метавонад ин гуна ноболиғонро аз амалҳои зишт боздошта, ба корҳои нек ва ахлоқи ҳамида равона созад.
Дар навбати худ падару модарони хонандагони синфҳои 9 ва 11-и литсей давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба сардори ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппа Исозода Набиҷон Исо саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Офоқ Қодириён  


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика