Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар давраи таътили тобистона

Таътили тобистонаи бачагон низ фаро расида истода, барои бофароғат гузаштани таътили онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ чораю тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.
Бештари мактаббачагон рӯзҳои таътилашонро дар муҳити оила дар ҳалқаи хешу ақрабо ва пайвандонашон гузаронанд, бештари дигари онҳо таътилро дар фароғатгоҳҳову лагерҳои тобистона гузаронида, баъд аз истироҳат бо нерӯи тоза ба мактаб бар мегарданд.
Барои он, ки ин фасли зебо ба бачаҳо таассуроти хушу нек боқӣ гузорад, бояд масъулону мутассадиёни иншоотҳои мазкур назоратро аз болои бачаҳо дучанд намуда, қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намоянд.
Бо ҳамин мақсад бо супориши роҳбарияти ВКД кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб дар иншоотҳои зикргардида, корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ ва фаҳмондадиҳиро ҷонок намуда истодаанд.
Бино ба таҳлили мутахассисон яке аз сабабҳои сар задании ҳодисаҳои сӯхтор ин оташбозии кӯдакон буда, ҳамасола аз 100 фисади сӯхторҳои ба вуқӯъ омада, 25 фисадаш бо сабаби оташбозию гугирдбозии кӯдакон рух медиҳанд.
Аз ҳамин лиҳоз, эмин нигоҳ доштани фароғатгоҳу истироҳатгоҳҳо, хусусан дар вақти таътили тобистона вазифаи ҳамагон мебошад.
Баҳри пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳои ногувор чӣ бояд кард?
Нахуст, ҳар як корманди муассисае, ки дар ихтиёраш кӯдакон ҳастанд, вазифадор аст қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро донад ва қатъиян риоя намояд. Дигар, ҳангоми сар задани сӯхтор ҳамаи чорабиниҳо, ки барои наҷот додани одамон ва хомӯш кардани сӯхтор ба ӯ вобастааст, иҷро намояд.
Дар муассисаҳое, ки кӯдакон шабонарӯз сокин мебошанд, навбатдорӣ ташкил кардан лозим аст. Навбатдор бояд чароғи барқии дастӣ дошта бошад ва дар ҳолати зарурӣ аз он исифода бурда тавонад. Сари ҳар чанд вақт дониш ва вазифаи навбатчиёнро санҷидан лозим аст.
Биноҳо бояд бо олоту асбобҳои сӯхторхомӯшкунӣ, воситаҳои автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда ва алоқа таъмин бошанду дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта шаванд. Ба шахсони навкор дар бораи риояи чорабиниҳои бехатарӣ аз сӯхтор, даъват намудани гурӯҳи оташнишонҳо дастур додан лозим аст. Онҳо инчунин бояд воситаҳои сӯхторхомӯшкуниро истифода бурда тавонанд.
Гирду атрофи муассиса, роҳҳо ва гузаргоҳҳоро банд кардан мумкин нест. Муассисаҳои истироҳатӣ бояд бо об таъмин бошанд. Агар қубури обии зиддисӯхтор набошад, ҳавзҳои табиӣ ё обанборҳои сунъӣ дар ҳаҷми камаш 50 метри куббӣ сохтан лозим аст.
Фосилаи байни катҳои хобгоҳҳои истироҳатӣ бояд на камтар аз 0,8 м, барои гузаргоҳи марказӣ камаш 1,2 м бошад. Лавозимот бояд роҳрав ва гузаргоҳҳоро банд накунонад.
Дарҳои баромадгоҳҳои эҳтиётӣ бояд озод ва осон кушода шаванд, чунин роҳҳоро мехзада, маҳкам кардан қатъиян манъ аст.

Калидҳои хонаҳои муҳим бояд дар ҷойҳои муайян ва дастрас нигоҳ дошта шаванд. Қисмҳои чӯбини чортоқу рафҳо ва гӯшаҳо бояд бо хокаи ба оташ тобоварандаи махсус коркард карда шаванд.
Бояд роҳбарон ва кормандони масъули лагерҳои мактаббачагон (лагерҳои назди мактабӣ) бо телефонҳо таъмин карда шуда, ҳамарӯза бояд бо Хадамоти оташнишонӣ алоқаи доимӣ дошта бошанд. Дар биноҳои дуошёна бошад, кӯдакони хурдсолро дар ошёнаи дуюми ин биноҳо ҷойгир кардан манъ аст.
Дар биноҳҳои муассисаҳои бачагон ва профилактикию-табобатӣ кафшергарӣ ва дигар корҳои ба оташ вобаста танҳо бо иҷозати роҳбарони ин муассисаҳо ё шахсоне, ки ба ҷои онҳо кор мекунанд, мумкин аст. Корҳои кафшеркуниро бояд мутахассисони баландихтисос бо шарти риояи ҳамаи чораҳои зарурӣ ва бо воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ таъмин кардани ҷои кор иҷро намоянд.
Барои хомӯш кардани сӯхтор дар хонаҳои истироҳатии кӯдакон ва бӯстонсароҳое, ки дар деҳаҳо ҷойгиранд, бояд дар ихтиёрашон ҳатман мотопомпа ё насосҳои доимии сӯхторхомӯшкунӣ дошта бошанд. Нигоҳубини мотопомпа ва насосҳо ба зиммаи шахсони масъул, ки қоидаи бо он коркарданро омӯхтаанд, бояд гузошта шавад. Барои эҳтиёҷоти хоҷагӣ ва ғайра истифода бурдани воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва асбобҳои зиддисӯхтор қатъиян манъ аст.
Танҳо дар ин ҳолат, мо истироҳати бофароғати фарзандонамонро ба пуррагӣ таъмин намуда метавонем.
Хотирасон мешавем, ки ҳангоми ба амал омадани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба Хадамоти оташнишонӣ ба телефони = 01= (аз телефонҳои мобилӣ=101) занг задан зарур аст.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, СХДО ВКД ҶТ 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика