Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар – машварати таълимӣ бо мақсади такмили маҳорати касбӣ

Роҳбарияти ВКД бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, сифатнокии тартиби коргузорӣ, такмил додани маҳорати хизматбарии кормандон ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо чорабиниҳои гуногун доир менамояд, то ин, ки иқтидори кадрии мақомот аз таҷриба ва донишҳои назарию амалӣ пешрафта бошад.

Дар ҳамин раванд баҳри ҷоннок намудани фаъолияти нозирони минтақавии милитсия бо ташаббуси Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Суғд бо ҷалби омӯзгорони факултети рақами 4-и Академияи ВКД ва кормандони ботаҷрибаи самти хизмат бо иштироки ҳамаи нозирони минтақавӣ аз 18 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Суғд семинар – машварати таълимӣ, омӯзишӣ дар маҷлисгоҳи раёсат баргузор гардид.
Самтҳои хизматӣ, дастурдиҳӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳо, умуман фаъолияти рӯзмарраи нозирони минтақавии милитсия бо истифода аз тасвир-слайдҳо дар чорабинии мазкур мавриди дастурдиҳӣ ва бозомӯзӣ қарор гирифт.
Муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Ваҳобзода Б.Б. мавзӯъҳои баррасишаванда ва ҳадафи чорабиниро тавзеҳ дода, ба кори семинар оғоз бахшид.

Дастуру супоришҳои сардори Раёсат генерал - майори милитсия Назарзода Ш.Р, ки ҳангоми маърӯза ба ҳозирин гуфта шуд ба он нигаронида шудааст, ки сифати корбарӣ ва савияи дониши нозирони минтақавӣ намунавӣ бошад. “Дар муносибат бо ҷомеа, рафтору гуфтор, пушидани либоси низомӣ нозирони минтақавии милитсия таҷассумкунандаи симои милитсия мебошанд. Зеро аз ҳама бештар бо аҳолӣ наздикӣ дошта, шаҳрвандон дар симои шумо пуштибони манфиатҳои ҳуқуқиашонро мебинанд ва аз фаъолияти ҳар як нозири минтақавӣ ба мақомот баҳо медиҳанд”.
Дар доираи қонун амал намудан, омӯзиши минтақаи маъмурӣ, густариш додани робита бо аҳолӣ, хушмуомилагӣ ва объективона санҷидани арзу муроҷиати шаҳрвандонро Ш. Назарзода таъкид дошт ва илова намуд, ки бештар кӯшиш кунанд, ки содиршавии ҷиноят коҳиш ёбад.
Сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ полковники милитсия Сафиев З.Р. ва сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯии Факултаи рақами 4-и Академияи ВКД полковники милитсия Абдуллозода Н.Р. баромад намуда, дар самти таъиноти фармону дастурамалҳои соҳавӣ бо қиёс аз таҷрибаи амалӣ ба ҳозирин маълумот доданд.
Тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои хизматии минтақаи маъмурӣ, парвандаҳои кормандони ғайриштатии милитсия ва ба ҳамкорӣ ҷалб намудани онҳо, бақайдгирӣ, назорат ва аз қайд баровардани шахсони дорои силоҳи шикорӣ, доғи судӣ дошта, майзадагон, нашъамандон, оилаҳои ноустувор ва дорои бемориҳои рӯҳӣ ва дигар самтҳои фаъолияти нозирони минтақавии милитсия дар маърӯзаи кормандони ботаҷрибаи ШҲТҶ раёсат подполковники милитсия Б.Ҳошимов ва капитани милитсия Фармонов Ш.Ҳ. ифода ёфт.
Музокироти байни иштирокчиён ва маърӯзачиён аз он шаҳодат медод, ки дар ҳақиқат баргузории чунин семинар – машваратҳо саривақтӣ ва муҳим аст.
Ҳамзамон бо мақсади истифодабарии ҳамарӯза маводҳои семинар – машварат дар шакли китоб дастраси нозирони минтақавии милитсия гардонида шуд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки барои дар сатҳи баланди касбӣ таъмин намудани тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо ва дигар самтҳои фаъолияти нозирони минтақавии милитсия семинар - машварати баргузор гардида таъсири муфид хоҳад гузошт.
Акбар Шарифов, капитани милитсия 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика