Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону хонандагон ва волидон

Дар вохӯриҳои кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД бо муҳассилину волидон ва омӯзгорони 19 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки бо иштироки ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» баргузор гардиданд, масъалаҳои муҳими рӯзмарра, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, оқибати ба чунин амалҳои хатарнок даст задани намояндагони ин насли ояндасоз, қоидаҳои ба мактаб бо либоси мактабӣ омадан ва бе телефонҳои мобилӣ дар дарсҳо иштирок кардан, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки наврасону ҷавонон, таъмин намудани ҳолати иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти насли наврас мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре дар ин мулоқотҳо қайд карда шуд, ҷой доштани ҳолатҳои ҷанҷолҳои байнимактабӣ ва иштироки баъзе ҷавонони тоҷик дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ воқеъан боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидаанд. Зикр карда шуд, ки тоҷикон миллати дорои таърихи куҳан ва фарҳангу адабиёти оламшумул мебошанд, аз ин рӯ, даст задани ноболиғону ҷавонони тоҷик, ки ояндасозони миллати мо мебошанд, ба чунин амалу кирдорҳои ношоиста ба мақому мартабаи миллат ва давлати ҷавони мо дар арсаи ҷаҳонӣ иснод меорад.
Дар фарҷоми ин вохӯриҳо аз иштирокчиёни онҳо, ки аксаран хонандагони синфҳои болоӣ буданд, даъват карда шуд, ки кӯшиш намоянд бо илму ҳунаромӯзӣ ва соҳиби касбу ихтисосҳои арзанда шудан номи худ ва Тоҷикистони азизро баланд бардоранд.
Тавре дар интиҳои ин ҷамъомадҳои судманд иброз гардид, тибқи нақшаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, чунин мулоқотҳо дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Абдулло Шоев 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика