Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии зиддисӯхторӣ дар Сирки давлатӣ

Кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор, таъмин ва риояи қоидаҳои он дар иншоотҳои ҳаётан муҳими давлатию ҷамъиятӣ чорабиниҳои гуногуни зиддисӯхторӣ гузаронида истодаанд.

Бояд қайд кард, ки бинои Сирки давлатии Тоҷикистон низ яке аз иншоотҳои муҳими фарҳангию фароғатии кишварамон ба ҳисоб рафта, дар он 130 нафар ҳунармандону кормандони техникӣ кору фаолият намуда, бо ҷалби ҳайвонҳои гуногуни омӯзонидашуда табъи тамошобинонро бо намоишҳои аҷибу дилангези хеш болида мегардонанд.
Бо ҳамин мақсад дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон машқи тактикӣ-оташнишонӣ бо истифода аз 4-адад нақлиётҳои оташнишонӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Аз рӯйи нақша, ки гӯё саҳнаи Сирк дар масоҳати 90 метри мураббаъ оташ гирифтааст, дастаи идоравии оташнишонии иншооти номбурда баъд аз даъвати оташнишонон чусту чолокона амал намуда, дар ҳамбастагӣ бо оташнишонон ҳунармандону кормандон ва ҳайвонҳоро аз бинои оташгирифта ба ҷойҳои бехавф кӯчонида, бо истифода аз воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторхомушкунӣ, нақлиётҳои оташнишонию гидрантҳои оташнишонӣ сӯхтори шартиро дар масоҳати аввалааш бе паҳншавӣ хомӯш намуданд.
Дар баробари гузаронидани чорабинии зиддисӯхторӣ аз тарафи коршиносон бо ҳунармандону коргарон ва дастаҳои идоравии оташнишонии Сирк оид ба омилҳои сар задани сӯхтор ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор сӯхбатҳои судманд доир карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода ба иштирокчиёни чорабинӣ барои иштироки фаъолона изҳори миннатдори баён намуда, ба иштирокчиёни фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Т.Ҳаётов, К.Абдуллоев 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика