Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда мешаванд!

Пешгирии наврасону ҷавонон аз ҳар гуна ҷиноят, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳамчунин баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии онҳо, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни наврасону ҷавонон, инчунин таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила аз масъалаҳоест, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дарҷ гардидааст. 

Ҳамин аст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм дар муассисаҳои таълимӣ пайваста вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, чунин як ҷамъомади судманд бо иштироки кормандони ХПҲНҶ ВКД дар муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалӣ» дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар вохӯрие, ки дар ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид, беш аз 250 нафар омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд. Зимни баромади худ корманди ХПҲНҶ ВКД, лейтенанти калони милитсия Саидов Акобир оид ба паҳлӯҳои гуногуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, изҳор намуд, ки ин қонун падару модарро вазифадор менамояд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд. Ҳамчунин, мавсуф ба хотири ошноӣ пайдо намудани иштирокчиёни ҷамъомад бо вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон оид ба ин масъалаи муҳим низ изҳори андеша намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин омӯзгорону волидон низ изҳори андеша намуданд. Аз ҷумла, тавре муовини директор оид ба корҳои ташкилӣ-тарбиявии муассисаи таълимии мазкур Нурмаматов У. иброз дошт, баргузории сӯҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони милитсия дар муассисаҳои таълимӣ боиси дастгирӣ буда, чунин чораандешиҳо барои пешгирии паҳншавии амалҳои номатлуб дар байни насли наврас таъсири мусбат мерасонад. Мавсуф ҳамзамон таъкид дошт, ки дар масъалаи тарбияи насли наврас ҳар як фарди ҷомеа бояд бетараф набошаду ҳар як волидайн дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳмгузор бошад.
Инчунин, ҳамингуна вохӯрӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули ХПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Давлатов Мардихудо дар мавзӯи «Дӯстиву рафоқат дар байни донишҷӯён» баргузор гардид.
Абдулло Шоев 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика