Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарғиби илму донишомӯзӣ дар байни хонандагони мактабҳо

Пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, тарғиби илмомӯзиву ватандӯстӣ дар байни мактаббачагон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани намояндагони ин насли ояндасоз аз вазифаҳои асосии ҳайати шахсии Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамин аст, ки кормандони ин ниҳод ҳамкориро бо намояндагони касбу кори гуногун тақвият бахшида, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.

Дар тақвияти суханони боло бояд гуфт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳамкориҳои судманди Вазорати корҳои дохилӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва дигар мақомоту идораҳои дахлдор имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо гузаронида шуда истодаанд.
Ба ин монанд, имрӯз - 11-уми май, масъулини ХПҲНҶ ВКД дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 29, 36, 71 ва Гимназияи рақами 2 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо, инчунин ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва кормандони Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур мулоқотҳо баргузор карда шуданд.
Тавре дар ин вохӯриҳо қайд карда шуд, таълиму тарбия, азхуд намудани донишу маърифат ва ёд гирифтани забонҳои гуногун аз масъалаҳои асосӣ дар назди мактаббачагон ба ҳисоб рафта, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар назди сохторҳои дахлдор, бахусус мактабу маориф, волидон ва ҷомеа вазифа гузоштааст, ки ба ин масъалаҳои муҳим аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки насли наврас ояндаи миллату давлат ба шумор рафта, онҳо бо азхуд намудани илму дониш дар минбаъда дар рушду инкишофи Ватани азизамон ва некӯаҳволии рӯзгори мардум саҳм мегузоранд.
- Аммо, - тавре дар ин вохӯриҳо қайд гардид, - дар ин радиф наврасоне низ ҳастанд, ки бо амалу кирдори ношоиста ва даст задан ба ҷиноят ба номи ҳамсолони худ доғ оварда, муҳити ороми оилавӣ ва ҷомеаро халалдор месозанд. Мутаассифона, ҳодисаҳои охир, алалхусус муноқишаҳои гурӯҳӣ дар миёни мактаббачагон ва ҷавонон, содиршавии ҷиноят ва амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо ба он далолат мекунад, ки таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, падару модарон ва шахсони парастор низ нисбати тақдиру ояндаи фарзандон аксар вақт бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд.
Риояву иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" тамоми ҷонибҳои дахлдор, хусусан волидонро вазифадор месозад, ки уҳдадориҳои худро нисбати тарбияи фарзандон бо масъулияти баланд ба ҷо оварда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута пеши роҳи ҳама гуна кирдору амалҳои номатлуб дар ҷомеаро бигиранд.
Дар ин вохӯриҳо, ҳамчунин оид ба талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку", "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ низ ибрози назар карда шуд.

Масъулини ХПҲНҶ ВКД доир ба истифодаи телефонҳои мобилӣ аз тарафи ноболиғон, риояи қоидаҳои таҳсил ва тарзи либоспӯшии хонандагон, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки онҳо ва дигар амалҳое, ки боиси доғдор гардидани рӯзгори минбаъдаи ин насли ояндасоз шуда метавонанд, изҳори андеша намуда, аз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даъват ба амал оварданд, ки аз ҳар лаҳзаи мактабхонӣ самаранок истифода намуда, баҳри азхуд кардани донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар интиҳои ин ҷамъомадҳои судманд, кормандони масъули мақомоти корҳои дохилӣ зикр намуданд, ки вохӯриҳои мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дар доираи Нақша-чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ амалӣ гардида, мақсад аз онҳо пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва сӯйиқасд ба он, муноқишаҳои байнимактабӣ, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти насли наврас мебошад.
Абдулло Шоев, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ, капитани милитсия 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика