Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: Чорабинӣ бахшида ба Иди Ғалаба

Иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он қаҳрамонию мардонагии падарону бобоёни мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хати заррин сабт шудааст.
Дар РВКД дар вилояти Хатлон вохӯрии кормандон бо иштирокдорони ҶБВ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят баргузор гардид.
Ба чорабинӣ муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Мируллоев Исмат ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати 72-солагии Иди Ғалаба самимона табрик намуда афзуд, ки Рӯзи Ғалабаи бузург рамзи ватандӯстиву иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазир ва ватандӯстиро дар дили пиру ҷавон бедор месозад.
Сипас раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Хатлон Абдулвоҳид Шодиев изҳор дошт, ки маҳз якдиливу самимият ва дастгириҳои ҷумҳуриҳои бародар, сарсупурдагиву ҷоннисориҳои ватанхоҳон буд, ки ин ғалаба таъмин гардид.

Иштирокдорон аз рӯзҳои мудҳиши ҷанг ёдовар шуда, қайд карданд, ки ҷанг ҳамавақт оқибатҳои нохӯш дошта, харобӣ ва қашшоқӣ меорад.
Ин ҷанги хонумонсӯз ҷони зиёда аз 50 миллион нафар ҳалку миллатҳои мухталифро рабуда, миллионҳо кудаконро ятим гардонид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки барои муҳофизати Ватан ва аз байн бурдани фашизми истилогар дар қатори мардумони ҷумҳуриҳои шуравӣ бошандагони кишвари мо низ далерона мубориза бурдаанд.
Мо шукргузор аз он ҳастем, ки тавассути заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо сулҳу салоҳи поянда мустаҳкаму побарҷост ва мо дар фазои Истиқлолияти давлатӣ озодона зиндагӣ мекунем.

Поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳо, ин анъанаи нек ва сабақи пандомез барои наслҳои имрӯзу фардои миллат аст.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.
Офоқ Қодириён 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика