Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории озмунҳои зиддисӯхторӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор

Ҳамасола аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он дар тамоми муассисаҳои томактабӣ ва таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллию ифтихори ватандорӣ ва муносибати эҳтиёткорона намудани хурдсолону наврасон ба моликияти давлативу хусусӣ ва ҳифзи муҳити зист, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шуъбаҳои маориф ва илми вилояту шаҳру ноҳияҳо, тибқи нақшаи якҷоя, озмунҳои «Калидчаи заррин» ва «Расми беҳтарини кӯдаконаи зиддисӯхторӣ» дар мавзӯҳои «Аз сухтор эҳтиёт бошед!», «Оташ дӯст ва душмани одам», «Аз сӯхтор доим озор» ва ғайра, бо истифодаи барномаҳои махсуси фарҳангӣ, дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида мешаванд.
Ҳамингуна чорабинии хеле ҷолибу хотирмон аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД ва қисми мустақили 15-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ, дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати маориф ва илми ноҳияи номбурда, дар Гимназияи тоҷикӣ – русии ба номи А.С.Пушкини ноҳияи мазкур ташкил ва баргузор карда шуд.

Сараввал озмуни «Калидчаи заррин» дар байни дастаҳои «Огонёк» ва «Огнетушитель»-и синфҳои 5-ум ва 6-уми бо забони русӣ таълимгиранда доир карда шуд.
Мактаббачагон аз рӯи шаш намуди шарти озмун байни худ қувваозмоӣ намуданд. Дастаҳои номбурда ба ҳайати ҳакамону тамошобинони зиёди ҷамъомада, донишу малакаи хуби худро вобаста ба омилу сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои сӯхтор, роҳу усулҳои пешгирӣ ва мубориза бо чунин ҳодисаҳои нохушро бо як чолокию зиракӣ намоиш доданд. Ҳачунин онҳо вобаста ба мавзӯи озмун саҳначаҳо, чистону тезгуяк ва рақсу бозиҳои шавқовари омодакардаи худро пешкаши ҷаъомадагон намуданд, ки он ба тамошобинон хеле ҳам хуш омад.
Сипас дар толори гимназия ҳамчунин озмуни ноҳиявии «Расми беҳтарини кӯдаконаи зиддисухторӣ» дар байни ғолибон чунин озмуни қаблан дар байни хонандагони ҳар як муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуда, баргузор гардид. Расмҳои ҷолибу пурмазмун ва макетҳои гуногуни диққатҷалбкунандаи ба озмун пешниҳод кардаи ҳар як иштирокчӣ аз маҳорати баланди расмкашӣ, истеъдодӣ хуби ихтирокорӣ ва дониши лозимии мактаббачагон оид ба риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сухтор, дарк медод. Зеро ҳар кадоми онҳо пас аз ғолибият ба даст овардан дар озмуни мактабӣ, ба ин озмун роҳхат гирифта, ба он бо тайёрии ҷиддии ҳамаҷониба омода буданд. Чунин ҳолати кор, барои муайян намудани ғолибони озмуни ноҳиявӣ, аз ҳайати ҳакамон дақиқкорӣ ва омӯзиши амиқи тамоми расму макетҳои пешниҳодшударо талаб менамуд.
Баъд аз омӯзиши амиқ ва ҷамъбаст намудани холҳои ба дастовардаи иштирокчиёни ҳардуи озмуни дар боло қайд гардида, ҳайати ҳакамон ғолибони онҳоро боадолатона ва холисона муайян намуда, ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол Ифтихорномаву тӯҳфаҳои қиматноки хотиравӣ супориданд. Қобили қайд аст, ки аз ҷониби мутахассисони СХДО ВКД ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ҳисор низ дар якҷоягӣ бо Шуъбаи маориф ва илми шаҳри мазкур, дар ҳудуди қисми оташнишонӣ, дар байни хонандагони зиёда аз 40 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, озмуни «Расми беҳтарини кӯдаконаи зиддисӯхторӣ» гузаронида шуд.
Пас аз баҳодиҳии ҳайати ҳакамон ба расму макетҳои зиёди аз тарафи толибилмон ба озмун пешниҳод карда шуда, аз ҷониби басти навбатдори хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ҳисор ба хонандагону муаллимон иқтидору тавоноии қувва ва техникаву таҷҳизоти хадамоти оташниишонӣ, ҷиҳати хомуш намудани сӯхтори шартӣ, дар амал намоиш дода шуд.

Тамошои ҳаракатҳои чусту чолоконаи оташнишонон ва иқтидору имкониятҳои техникиву таҷҳизоти дар ихтиёри ХДО буда, ки барои ҳифзу ҳаёти саломатии одамон ва наҷоти тамоми намуди моликият аз сӯхтор доимо омода мебошанд, ба мактаббачагону омӯзгорон бисёр писанд омада, бархе аз хонандагон бо ифтихор касби оташнишонро дар оянда пешаи худ интихоб намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ, дар толори маҷлисгоҳи хадамоти давлати оташнишонии шаҳри Ҳисор, аз ҷониби сардори ХДО Юнус Бобоев ва намояндаи Шуъбаи маориф ва илми шаҳри мазкур Далер Мирзоев ба ғолибони озмун Ифтихорномаю туҳфаҳои қиматноки хотиравӣ супорида шуданд.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов СХДО ВКД ҶТ. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика