Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузаргоҳҳои зеризаминӣ: мушкилот ва пешниҳодҳо

Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори соҳаи иҷтимоии пойтахт ба ободонии ду канори роҳҳои дохилии шаҳраку маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар ҷойҳои серодам, ободу зебо гардонидани майдончаҳои варзишии кӯдакона ва ҷойҳои истироҳатӣ барои калонсолон суръат бахшида шавад.

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Душанбе

Рӯз то рӯз масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда мавқеи глобалӣ касб намудааст. Тибқи таҳлилҳои коршиносон, ҳамасола дар тамоми дунё 1,2 миллион нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат мерасанд. Аз рӯйи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бештар аз 50 миллион каси дигар дар дунё дар як сол аз садамаҳои гуногуни нақлиётӣ ҷароҳат мебардоранд.


Бо назардошти ин ҳолат ва беҳтар намудани шароити пиёдагардону мусофирон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёту роҳгузарҳо, бо пешниҳоди Федератсияи Россия Созмони Милали Муттаҳид то соли 2020 «Даҳсолаи амалиёт барои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо» эълон кардааст.
Инчунин, баҳри пешгирии садаманокӣ ҳафтаи сеюми моҳи ноябр дар тамоми ҷаҳон ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии ҷабрдидагони садамаҳои нақлиётӣ қайд карда мешавад.
Дар Тоҷикистон низ бинобар сабабҳои мухталиф: дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, аз меъёри муайянгардида баланд кардани суръат, бо телефон суҳбат кардан ҳангоми идораи автомашина, набастани тасмаи бехатарӣ, аз муоинаи техникӣ нагузаронидани нақлиёт, муошират бо мусофир ва ғайра садамаҳои зиёде рух медиҳанд, ки боиси маъюбию ҳалокати одамон ва расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ мегарданд. Хусусан, соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари 1323 садамаи нақлиётӣ 427 нафар ҷон бохта, 1415 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар ҳақиқат, ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар кӯчаву роҳҳо ба ҳаёти шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ пеш меоранд. Мутахассисону коршиносон ва бозрасон ҳангоми таҳлили омилҳои рух додани садамаҳои нақлиётӣ яке аз сабабҳои асосии ин ҳодисаҳоро дар надонистан ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби пиёдагардон арзёбӣ менамоянд. Агар дақиқтар назар намоем, ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд, зеро чанде пеш ҳангоми таҳияи матолиб дар бораи гузаргоҳҳои зеризаминии назди Маркази миллии тиббӣ (маъруф ба Қарияи боло) ва Боғи ҳайвонот асли ин ҳолатро мушоҳида намудем.
Аввалан мо ба назди гузаргоҳи назди Боғи ҳайвонот ва Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе раҳсипор гардидем. Маъмулан, чун рӯзҳои қаблӣ, мардуми зиёде роҳи асосии мошингузарро убур намуда, аз гузаргоҳ истифода намебурданд.
Барои таҳлили дуруст намудан мо тариқи гузаргоҳи зеризаминӣ аз истгоҳи канори Боғи ҳайвонот ба истгоҳи муқобил ҳаракат намудем, ки ҳамагӣ се дақиқа вақт сарф шуд. Агар мо аз тарафи гардиши Шаҳраки донишҷӯён ба воситаи гузаргоҳи зеризаминӣ ба он самт рафта, ба назди дари якуми боғ равем, ин масофа 2 дақиқаро дар бар мегирад. Ин тадқиқ гуфтаеро, ки шаҳрвандон роҳро кӯтоҳ ва вақтро сарфа менамуда бошанд, инкор менамояд. Яъне, одамон сарфаи вақт гӯён, ҳаёти худу фарзандонашонро дар хатар мегузоранд.
Дар умум, чанд мушкилоти ҷойдоштаро дар ин гузаргоҳ таҳлил намуда, барои бартарафсозии камбудиҳо пешниҳодҳо намудем:
1. Гузаргоҳ аз истгоҳ каме дуртар ҷойгир аст ва минбаъд ҳангоми бунёди истгоҳҳо бояд ин меъёр, ки гузаргоҳ ба истгоҳ наздик бошад, ба назар гирифта шавад.
2. Нишона ва гӯшаҳои таблиғотӣ, ки мардумро огоҳ созад то баҳри бехатарӣ аз роҳи зеризаминӣ гузаранд, танҳо якто ба мушоҳида расид. Хуб мебуд, ки шумораи нишонаҳо ва ишораҳои муайянкунандаи гузаргоҳи зеризаминӣ на кам аз 3-4-то гузошта мешуд.
3. Дар ҳудуди гузаргоҳ ҳар гуна партовҳо ба чашм намоёнанд, ки табъи касро нороҳат месозанд ва барои партофтани коғазпораҳо қуттиҳои махсуси партовпартоӣ вуҷуд надоранд. Агар бартарафсозии ин масъала ба эътибор гирифта шавад, ин гуфта, ки гузаргоҳҳо бӯйноку ифлосанд, аз байн меравад. Фаромӯш набояд кард, ки ҳавои хубу тозагӣ низ боиси ҳифзи саломатӣ ва истифодабарии бештари шаҳрвандон аз гузаргоҳҳо мешавад.
4. Агар мисли гузаргоҳҳои навсохти назди мағозаи «Олами китоб» ва Меҳмонхонаи «Душанбе», дар дигар гузаргоҳҳо низ марказҳои китобфурӯшӣ ва аквариумҳо ҷой дода мешуданд, боиси ҷалби одамон барои гузаштан аз ин гуна гузаргоҳҳои зеризаминӣ мегардид. Вақте шахс аз як ҳолат ба ҳолати дигар ворид мегардад (манзур аз роҳи пиёдагард ба гузаргоҳи зеризаминӣ), барои ӯ одат кардан ба ҳолати нав мушкил мешавад, яъне ҳангоми мавҷуд будани маконҳои дилфиреб рӯҳи кас болида мешавад.
5. Ҳангоме ки шабона ба гузаргоҳи назди Боғи ҳайвонот раҳсипор гардидем, ҳама ҷойро торикӣ фаро гирифта буд. Хуб мешуд, ки оянда дар ин гузаргоҳ чароғакҳо насб карда шавад. Зеро, аксарияти садамаҳо шабона рух медиҳанд ва дар ҳолати тарсу хатар аз ин гузаргоҳ мардум тариқи роҳи мошингузар ҳаракат менамоянд ва боз ҳам эҳтимолияти зиёди хавфу хатар ба ҳаёти онҳо ба вуҷуд меояд.
6. Нозирони роҳ масъул гардонида шаванд, ки назоратро ҷиддиву дуруст баранд ва барои вайрон намудани қоидавайронкунӣ, яъне бинобар сабаби аз ҷойҳои номуайян нагузаштан ҷарима татбиқ карда шавад. Тавре мо мушоҳида кардем, ҳатто падару модарон бо ҳамроҳии фарзандони ноболиғи хеш ба қоидавайронкунӣ роҳ медиҳанд.
7. Масъалаи дигари ташвишовар ин аст, ки ҳатто кормандони коммуналӣ ва касбу кори гуногун, ки бояд аз мардуми оддӣ фарқ кунанд, дидаву дониста ҷони худро дар хатар гузошта, бо воситаи телефон ё ҳамроҳонашон суҳбаткунон аз роҳи мошингузар ҳаракат менамоянд.
Дар гузаргоҳи зеризаминии назди Маркази миллии тиббии Тоҷикистон мушкилоту масъалаҳои дигаре низ ҷой дошт:
1. Нуқтаҳои фиттафурӯшӣ киною консерт ва дигар мусиқиҳоро баланд гузошта, дар натиҷаи акси садо ба оромии сокинон халал ворид месохтанд ва бартарафсозии ин камбудӣ набояд мушкил бошад.
2. Савдогарон бо вуҷуди кам будани ҷой барои гузаштан, боз иловатан роҳи асосии гузаргоҳҳоро банд намуда, гоҳҳо муштариёнро зиёд нигоҳ медоранд, ки ин амал низ барои гузаштан аз роҳ монеа эҷод менамояд.
3. Мо ягон ишораи мавҷуд будани гузаргоҳи зеризаминиро дар атроф мушоҳида накардем ва боз ҳам таъкид менамоем, ки насби таблҳои таблиғотӣ аз манфиат холӣ нест.
Лозим ба ёдоварист, ки дар чорроҳаи маҳаллаи 82-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бори аввал эстакада (чорсӯи нақлиётии сесатҳа) сохта мешавад. Ҳамчунин, сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон дар назар дошта шудааст, ки ин низ баҳри бехатарии ҳаракат дар роҳҳо нақши муассир хоҳад гузошт.
Хулоса, кормандони БДА бояд минбаъд низ дар ҳамкорию ҳамбастагӣ дар бораи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, гузаштан аз ҷойҳои муайянгардида ва амсоли он ба таври мунтазам бо аҳолӣ фаъолият баранд, зеро риояи қоидаҳои ҳаракат ин кафолати бехатарии ҳар кадоми мо мебошад.
Наврӯз ҶОБИРОВ  


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика