Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РВКД ВМКБ: Робитаи милитсия бо мардум тақвият меёбад

Имрӯз (27.02.с.2017, дар толори РВКД дар ВМКБ доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» бо иштироки нозирони минтақавӣ ҷаласа барузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур баромад намуда, беҳтар намудани шароити кории нозирони минтақавии милитсия ва ба ин васила наздик намудани робитаи милитсияро бо мардум, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои дохилӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар ВМКБ майори милитсия Абдумамадзода М. баромад намуда, қайд кард, ки дар ҳудуди вилоят 62 нозири минтақавии милитсия кору фаъолият намуда, аз тарафи онҳо ҷиҳати пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон фаъолияти пурсамар пеш бурда мешавад.
Дар рафти ҷаласа сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур барои беҳтар намудани шароити кории нозирони минтақавии милитсия ва таъмин намудани онҳо бо утоқи корӣ ва таъҷизотҳои зарурӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Далер Чоршанбиев, Маркази матбуоти РВКД дар ВМКБ. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика