Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Деваштич муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Тоҷиев Азизбек соли таваллудаш 1994 ва Шодиев Элёр соли таваллудаш 1995 сокинони деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, 9 октябри соли 2026, тахминан соати 22:00, шаҳрванд Амонов Достон соли таваллудаш 1990-ро мавриди лату кӯб қарор дода, бо истифодаи зӯроварӣ ба утоқи кории раиси Шӯрои маҳаллаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтан овардаанд. Сипас, бо истифода аз ресмон дасту пойҳои ӯро баста, аз соати 23:30-и 9 октябр то соати 09:00-и 10 октябри соли 2026 ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Тоҷиев А. ва Шодиев Э. бо моддаи 131 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

15.10.2026 10:01
65