Авбошӣ
13-уми октябри соли 2026 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар шаҳрванд Қурбонов Нарзулло соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Кӯшониён дастгир карда шуд.
Номбурда 12-уми октябри соли 2026, тахминан соати 16:10, дар назди истгоҳи мусофиркашонии бозори ҶДММ «Хоҷи Шариф»-и шаҳри Бохтар бо шаҳрванд Мирзоев Субҳон соли таваллудаш 1994, ҷангу муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба рони пои чапи Мирзоев С. зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.














