Ошкор гарддидани ду ҳолати ғоратгарӣ
Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста ба ду ҳолати ғоратгарӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар шахсони ба содир намудани ҷиноят гумонбар муайяну дастгир карда шуданд.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи шаҳрванд Қаландарзода Аминҷон соли таваллудаш 2005, сокини кӯчаи Х. Мирзоев ворид гардид, ки 4-уми октябри соли 2026, тахминан соати 19:30, шахсони номаълум дар кӯчаи Адҳамов ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ телефони мобилии тамғаи «Samsung A54»-ро, ки арзишаш 3 ҳазору 500 сомонӣ мебошад, тасарруф кардаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро чор нафар ноболиғ, солҳои таваллудашон 2009 ва–2010 сокинони пойтахт содир намудаанд.
Ҳамчунин, 6 октябри соли 2026, тахминан соати 19:30, ба РВКД дар вилояти Хатлон аризаи шаҳрванд Раҷабов Рӯзибек соли таваллудаш 1963, сокини маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар ворид гардид, ки Умаров Ҳокимшо соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Вахш, ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар назди чойхонаи «Роҳат», воқеъ дар кӯчаи Б. Ғафурови шаҳри Бохтар, телефони мобилии тамғаи «TECNO POP-6 Pro»-и шаҳрванд Раҷабов Рӯзибекро бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намудааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати Умаров Ҳокимшо аз ҷониби Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.















