Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷинояти дуздӣ ошкор карда шуд. Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Давронзода Гулноз соли таваллудаш 2008, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, бо маслиҳати пешакӣ бо ноболиғ Ҳ.М., истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом, санаи 5-уми августи соли 2026 пинҳонӣ ба манзили истиқоматии шаҳрванд Зубайдова Шукрона сокини шаҳри Гулистон ворид шуда, аз дохили ҷевони хона ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ — 6 адад ангуштарин, 3 ҷуфт (адад) гӯшвор ва 1 адад гарданбанди «Капля»-ро тасарруф намудаанд. Зарари умумии расонидашуда 50 000 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















