Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳдиди куштан

Кормандони милитсия дар ноҳияи Шаҳристон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Тоҷибоев Ӯткирҷон соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи мазкурро барои содир кардани ҷинояти таҳдиди куштан дастгир намуданд. 
Муайян карда шуд, ки номбурда рӯзи 11-уми октябри соли 2026, тахминан соати 16:15-дақиқа, дар ҳолати мастӣ бо худ як адад корди хоҷагиро гирифта, ба хонаи истиқоматии ҳамсояаш, шаҳрванд Қ.З., соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи мазкур рафта, бо истифода аз корди хоҷагӣ ҳамсояашро таҳдиди куштан намудааст.
Нисбати шаҳрванд Тоҷибоев Ӯ.У. бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
13.10.2026 10:14
50