Ғоратгарӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Ашурмадов Одилҷон соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи деҳаи Баҳористони ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони содир кардани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. Номбурда санаи 11-уми октябри соли 2026, тахминан соати 02:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ қарор дошатанаш, ошкоро бо роҳи зӯровари 1-адад телефони мобилиаш тамғаи “Текно”, арзишаш 1700 сомонии шаҳрванд Холбобоев Сайдалӣ сокини ноҳияи Темурмаликро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.















