Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи марговар дар кӯчаи Қаротегини шаҳри Душанбе

11-уми октябри соли 2026, тахминан соати 08:30, дар кӯчаи Қаротегини шаҳри Душанбе шаҳрванд Назаров Билол соли таваллудаш 2008, ҳангоми идораи автомашинаи тамғаи «Лексус 450» аз самти кӯчаи Қаротегин ба ҷониби кӯчаи С. Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби оҳанини канори рости роҳ бархӯрдааст. 
Дар натиҷаи садама мусофири автомашина Ҳасанов Муҳаммадҷон соли таваллудаш 2011, хонандаи синфи 8-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба холати мазкур таҳқиқ идома дорад.

12.10.2026 14:45
54