Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина

Ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар аризаи шаҳрванд Саидов Шоҳидин соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Кӯшониён ворид шуд, ки 10-уми октябри соли 2026, тахминан соати 20:40 автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра»-ро, ки дар канори роҳи автомобилгарди назди терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар беназорат меистод, Сулаймонов Дилшод соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Кӯшониён ғайриқонунӣ идора карда бурдааст.
Муайян карда шуд, ки Сулаймонов Дилшод дар ҳолати мастӣ қарор дошта, автомашинаро бе мақсади тасарруф аз назди терминал то назди ошхонаи «Ҷоми Хайём» рондааст. Қайд кардан зарур аст, ки гумонбаршуда қаблан бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

12.10.2026 14:42
39