Садамаи нақлиётии марговар
1-уми октябри соли 2026, тахминан соати 08:00, дар роҳи мошингарди деҳаи Моҳинав, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т. Туйчиеви шаҳри Турсунзода, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Собиров Муҳаммадалӣ Эргашалиевич соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти Т. Туйчиев, деҳаи Меҳнат, ҳангоми ҳаракат ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи «Тико», ки таҳти идораи Холов Расул Муҳаммадиевич, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Т. Туйчиев, деҳаи Роҳат қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама ронандаи автомашинаи «Тико» Холов Р.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Собиров М.Э. ва мусофирони автомашинаи «Тико» бо бардоштани ҷароҳат дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Оид ба ҳолати мазкур санҷиш идома дошта, сабаб ва ҳолатҳои пурраи рух додани садама муайян карда мешавад.















