Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ аз манзили истиқоматӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза шаҳрванд Атоев Баҳодур сокини ноҳияи И. Сомонӣ, кӯчаи Пушкин-10  муроҷиат намуд, ки санаи 27-уми сентябри соли 2026, тахминан соати 10:00, шахси номаълум ба манзили истиқоматиаш ворид гардида, аз он ҷо маблағи 1600 сомониро тариқи пинҳонӣ тасарруф намудааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Ҳамдамов Маъруф соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи И. Сомонӣ содир намудааст.
Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

02.10.2026 11:41
35