Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ

Шоми 1-уми октябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор шуда, дар он ҳайатҳои расмии вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Бюро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чорабиниро ифтитоҳ намуда, аҳамияти ҳамкории самарабахш ва муносибатҳои дӯстонаи мақомоти корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро таъкид кард.
Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви ИДМ барномаи рангини фарҳангиро пешкаши ҳозирин намуданд. Мусиқии миллӣ ва барномаҳои ҳунарӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, табъи иштирокдоронро болида гардониданд.
Барномаи консертӣ хотирмон баргузор гардида, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муносибатҳои неку созандаи байни давлатҳои иштирокчии ИДМ мусоидат намуд.

02.10.2026 9:51
93